Муовини Убайдуллоев гуфт, мушкили "Маркази савдои Пойтахт-90” ҳал мешавад
Насрулло Хайруллоев, муовини аввали Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт иқрор кард, ки “ҳоло ними муассисаи давлатии “Маркази савдои Пойтахт 90” холист.
Ӯ, ки дар нишасти хабарии шаҳрдорӣ имрӯз, 16 январ суҳбат мекард, гуфт, ояндаи наздик ин мушкил бартараф хоҳад шуд. Ба қавли оқои Хайруллоев, бо дастури Убайдуллоев раиси он бо ташкили гуруҳ корро оғоз хоҳад кард.
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Қосимҷон Усмонов раҳбари муассисаи давлатии “Маркази савдои Пойтахт 90” таъин гардид. муассисаи давлатии “Маркази савдои Пойтахт 90”. “Маркази савдои Пойтахт-90”, ки бо 194 миллион сомонӣ аз буҷаи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Меҳнати пойтахт бунёд шудааст, 5 сентябри соли 2014 расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аммо бино ба гуфтаи шоҳидон бештари соҳибкорон бо далели набудани харидор нуқтаҳои савдои онро тарк кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |