Бахшҳо

Ишқу ошиқӣ ва хиёнат: Тоҷикон боз қаҳрамони “Пусть говорят” шудаанд (ВИДЕО)

Идибек Убайдов, сокини тоҷиктабори вилояти Оренбурги Русия, қаҳрамони нави барномаи “Пусть говорят”-и шабакаи аввали телевизиони Русия шудааст.

Татяна, ҳамсари руси Идибек Убайдов, ӯро бо 5 фарзанд партофта, ба арақнӯшӣ ва ишқбозӣ машғул шуда, оиларо тарк кардааст. Дар барномаи “Пуст говорят” ташхиси ДНК нишон медиҳад, ки падари фарзанди хурди ин хонавода Идибек нест. Дар барнома инчунин маъшуқи нави Татяна муаррифӣ мешавад, ки низ ҷавони 30-солаи тоҷик будааст ва бо забони тоҷикӣ миёнашон баҳси кӯтоҳе сурат мегирад. Идибек Убайдов, ҳатто баъди он, ки маълум мешавад, Акрам, фарзанди хурдии хонавода аз ӯ нест, таъкид мекунад, то замоне зинда аст, ягон фарзандаш ва аз ҷумла Акрамро тарк нахоҳад кард.

ВИДЕОИ барномаи “Пусть говорят”

Ин барнома дар Ютуб:



Бори авваал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон қаҳрамони ин шоу барномаи телевизиони Русия мешаванд. 9 октябри соли 2013 тариқи ин барнома аз робитаи пинҳонии Саид Шарифов , як шаҳрванди Тоҷикистон бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳил (шавҳардор)-и рус ва фарзанди пинҳонии онҳо қисса шуда буд. Бар асоси гуфтаҳои "Пусть говорят" муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди он ки ӯро дар Тоҷикистон чанд фарзанд ва занаш интизор аст, дар Русия бо Елена Кострикин робитаи пинҳонӣ ба роҳ монда, фарзандор ҳам мешавад. Ин мард хабарҳо дар мавриди оила, зану фарзанд ва волидайнашро, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранду дар бораи ҳаёти ӯ тӯли даҳ сол мешавад, иттилоъ надоранд, аз зани рус пинҳон карда, ҳатто ба ӯ пешниҳоди издивоҷ низ мекунад. Ахиран, Саид Шарифов ба Тоҷикистон баргашта аз ҳамсару фарзандонаш узрхоҳӣ кардааст.


Бозгашт ва узрхоҳии Саид Шарифов аз оилаи тоҷикаш (ВИДЕО)
Мӯҳр
Ман хайрон мешавам, ое дигар миллатхо дар
Руссия зан намегиранд магар?
Армян?
Киргиз?
Узбек?
Озар?
Казок,?

Чаро ин Андрей Малахов факат точикро мебинад? Ягонбор дидаед, ки дигар миллатхоро
мисли мо паст зада бошад? Вакте аз ин пеш барномаро дидам то гову-хару бузи моро нишон дод. Я¶не хонаю ифлосию партобгохи моро намоиш дод. Ин магар пастзани нест ?
Чаро мо чавоб намегардонем? Мухтарам журналтстон, равшанфикрон,, эй онхое, ки худро
"ОРИЕИ" мегуед бетараф набошед!!


Дигар миллато дар Россия зан мегиранд вале алкашхо ва сохибони чору панч фарзандро не. Кучо алкаш, кучо фохиша, кучо наркоман точик ба он ошик мешавад. Хайр чи кор хам кунанд, савод нест, акл нест, монанди гадо рафта кадом як чашмакзании ин алкашкахои рус аклу хушашонро мебаранд. Агарчи худашон хамин ду нафар точике, ки Малахов реклом кард ба алкашхо монанд хастанд ва номусу нанги милли дар вучудашон нест. Мо хам рози хастем, ки онхо дар паспорташон миллаташонро чуги ё африкои нависанд. Беномусхо, бенангу бефархангхо. Миллатро шарманда сохтед.Армянка..,

Деваштич
Дируз ин барномаро тамошо кардам як чизро нафахмидам ин ду нафар дар ватан падар модар бародар додар апаю хохар зан фарзанд умуман ягон авлод надоранд?? Бовар кунед просто аламовар аст!!!! Намедонам..боз фахр мекунанд.номи точика анамихели хайвонсифато паст мекнан!!! На хамаи МУХОЧИРОН!!!!

Армянка!!! Апашка!! Бо чунин бемазхабон чи гуна даст ба сина зада ман ОРИЕИ мегуи?? Бовар кне ино ватана зан фарзанда дар як копеек мефрушан.русо меган ки сила воля намедонам ино чи гуна ба хамватанон нигох мекунанд бо кадом ру худо нигох дорад!!!!

Дар баробари родмардон беномусхо хам бисёр дар Точикистон. Хеч гап не дар деревняхо ва шахрхои Россия хонаву зиндагии русхо бинед хугу сагбарин зиндаги мекунанд.

5
шарманда кардед моро, чугибача худатро памирец нагу,

Хеч гап не оянда даркор мешаванд шарти асоси онхо бояд донанд ки точикан барои мо басанда аст аз рафторашон бо акл метованSahbo,

Истиклол
Рости гап ман хам ин Барномаро дидам, ва хамчунин дигар барномаашро бо иштироки дар роли асоси он Саид буд, онро хам дидам. Барнома барномаи хуб лекин як нюанс дорад. Рафтори баранда ва сахна, ки аксарияташ рус забон мебошанд (россияне) нисбати шахрвандони Точикистон, ки дар ин барнома даъват мешаванд дигар хел муносибат мекунанд, яъне, ки дар сатхи каме паст. Хамзамон шахрвандони Точикистон, ки дар барнома иштирок мекунанд тайёрии хуб ё донишу саводи кофии хуб надоранд. Вакте,ки аз дигар миллатхо масалан: арманихо, молдавхо ва гайра (асосан аз ИДМ) дар ин Барнома иштирок мекунанд, онхо тайёрии хуб ва забони русиро дар сатхи баланд медонанд. Дур намерем, ба наздики дар Барнома оилаи арманихоро нишон доданд, ки дар ончо яке аз дехот буд, яке аз шахр буданд, забони армянии аз дехот будаги коста буд, лекин шахри хуб буд. Аудитория бисер нагз бо онхо муомила мекарданд, яъне, ки меписандиданд. Ман чи гуфтани хастам, онхоро интихоб намуда ба Барнома даъват кардаанд, лекин аз моро бошад баранда Малахов мегуед, ки касдан (намерена) шахсоне,ки меёбад, ки хам забони русиаш коста мебошад ва хам табияву донишу малакааш дар сатхи паст мебошад. МАлахов моро дар барномааш ба он тарз (образ) нишон медихад, ки ба таври алкашхои худашон. Лекин мачмуи ин тавр нест, хар як шахрванди Точикистони дар Ф.Россия кору фаъолият мекунанд, ки хам бою ба давлатанд ва хам чунон забони русиро медонанд, ки русхоро бо забони руси гуфтор карданро дар мактабхояшон ёд медиханд

Хаму малахова илтичо кунед паспорти циганхои рксси карда тияд шумода шармандахо.

Пан ки Мун
Бани Одам аъзои якдигаранд....“Пуст говорят”-и Малахов ва ташхиси ДНК на он кадар мухим аст. Бояд Русхо шарм кунанд, ки Татьянашон арзиш надоштааст. Асос, Идибеки Точик хиссиёти башардустии миллатро ба Русхо муаррифи кардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)