Пажуҳишгоҳ: Ҳукми Қудратовро ҳукумат “содир” кардааст
Пажуҳишгоҳи ҳуқуқи соҳаи медиа бо пахши як изҳорот ҳукми 9 соли зиндони Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷикро маҳкум карда, аз мақомоти тоҷик бозбинии парвандаҳо ва раҳоии Қудратовро талаб кардааст.
Ин пажуҳишгоҳ аз қавли вакили дифои Шуҳрат Қудратов овардааст, ки дар қабули ҳукми додгоҳии ин ҳуқуқшинос ҳукумати Тоҷикистон ё худ мақомоти иҷроия нақши асосӣ доштааст.
Пажуҳишгоҳи ҳуқуқи соҳаи медиа таъқиби ҳомиёни фаъоли ҳуқуқ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистонро нақзи меъёрҳои байналмилалӣ ва арзишҳои умумибашарӣ хондааст: “Мо дар қатори дигар созмонҳо аз мақомоти Тоҷикистон талаб дорем, ки адолати додгоҳиро барои Шуҳрат Қудратов таъмин кунанд. Меъёрҳои байналмилалиро, ки Тоҷикистон тасвиб кардааст, риоя намоянд.”
Ин ниҳод аз созмонҳои дигари байналмилалию ҷамъиятӣ даъват кардааст, ки нисбати қазияи Қудратов бетараф набошанд ва баҳои фаврияшонро оид ба парвандаҳояш ироа кунанд.
Шуҳрат Қудратов, ки дар қаллобӣ ва фасодкорӣ муттаҳам мешуд, 13 январ бо қарори Додгоҳи Душанбе 9 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |