Бахшҳо
17 янв 2015 12:47Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Эълони 5 андозсупорандаи беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2014

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон беҳтарин андозсупорандагони соли 2014-ро муайян намудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент» и ноҳияи Ёвон, ҶДММ «Таком» , «Фабрикаи шири Саодат» аз шаҳри Душанбе, ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Туризм Промоушн Сервисез Таджикистан» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳористон» аз шаҳри Қайроққум андозсупорандаи беҳтарин интихоб шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, барои баҳо додан ба фаъолияти андозсупории корхонаҳо дар назди Кумита, комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки он нишондиҳандаҳои субъектҳои хоҷагидорро аз рўи меъёрҳо омўхта, беҳтарин андозсупорандагони солро муайян менамояд: “Барои муайян намудани беҳтарин андозсупорандагони сол меъёрҳои зерин ба инобат гирифта мешавад- ҳиссаи андозҳои ҳисоб ва пардохтшуда дар ҳаҷми даромади умумии андозсупоранда, шумораи кормандони кироя ва фонди музди меҳнат дар соҳаи фаъолият, дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳои андоз, дуруст ҳисоб намудан ва дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт намудани андозҳо, нисбат ба соли гузашта зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳои ҳисоб ва пардохтшуда, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз ва зоҳир намудани масъулияти баланди
андозсупорӣ.”

Бино ба иттилои манбаъ, чунин озмун бо мақсади ҳавасманд ва руҳбаланд кардани андозсупорандагон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупорӣ, ҳар сол роҳандозӣ мегардад.
Мӯҳр
Тибки кадом критерияхо бехтаринхо?

Бероха
rohguzar,Рахгузари ба рохат рафтан гир. О сарат задаги набошад, хамаи критерияхоро гуфтаст-ку!!

тавар
Худо кунади ин бехтаринхоро боз фардо чинояткор эълон накунанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)