Бахшҳо

Се назар: Ба гармшавии муносиботи Тошканду Душанбе бовар доред?

Мақомоти Тоҷикистон ба сафири Узбакистон пешниҳод кардааст, маҳдудияти виза байни Тошанду Душанбе бекор шавад. Дар зимн “Озодагон” аз коршиносон пурсид: Ба гармшавии муносиботи Тошканду Душанбе бовар доред?

Набӣ Юсупов, журналист

Тоҷикистон ва Узбакистон ду кишвари бародар дар тули таърих аст. То пайдоиши Шуравӣ ҳеч марзе миёни ин мардум вуҷуд надошт. Маҳз дар замони Шӯравӣ ин марзҳо ба таври қолабӣ ва маъмурӣ миёни ин кишварҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ муайян шуданд, на миёни мардум. Ба ин хотир бовари дустӣ ва муносибатҳои ҳамсоядорӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Танишҳои лафзӣ ҳамавақт вуҷуд дошт ва дорад. Талош бояд кард, ки ин танишҳо ба низоъҳои байни давлатӣ табдил нашавад. Хусусан ман бовар дорам ва мехоҳам, ки мо дар як фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ на танҳо бо Узбакистон, балки бо тамоми ҳамсояҳо зиндагӣ кунем.

Мустафо Берандӣ, коршиноси масоили сиёсӣ

Агарчанде дар чанд соли ахир муносибат байни кишвари мо ва Узбакистон бо сабаби омилҳои ба ҳама маълум сард буд, ман ин иқдоми Тоҷикистонро қобили таҳсин мешуморам. Ман ҳамеша хушбин ҳастам. Ду кишвари ҳамсоя бояд равобити хубу ҳасана дошта бошанд, ки пеш аз ҳама ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар хоҳад буд. Кашидани симхору сохтани девори сангин байни марзҳои ду кишвар ба суди касе нахоҳад буд. Дар ин замина таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ қобили омўзиш аст ва умед дорам, ки дар оянда тамоми он монеҳое, ки садди муносиботи дустонаи ду кишвари дусту ҳамсоя мегарданд, бардошта хоҳанд шуд ва рафъи виза ва аз сар гирифтани парвозҳоро ин фоли нек дар равобити Тоҷикистону Узбакистон медонам.

Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли сиёсӣ

Мо доим нисбати якдигар шикоят дорем. Баъзан дар мавриди сарҳад, гоҳе дар мавриди об ва гохе дар бораи якравии раҳбаронамон. Агарчанд мо аз давраҳои қадим бо Узбекистон муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ доштем ва бояд бо ин далел мо чунин муносибатро нигоҳ дорем, зеро дар Тоҷикистон шумораи зиёди узбекҳо ва дар Узбекистон шумораи зиёди Тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Мутаасифона, дар ин масъала якравии ҳар ду ҷониб гоҳо монеа мешавад.
Мӯҳр
Назаршох
Вобаста ба ваъзи кунунии дунёи муосир, амбитсияхоро сарфи назар карда, муносибатхои хамсоягиро бояд хуб кард. Ягон хамсояи мо дар халли мушкилихо ва хатархое, ки ИСТИКЛОЛИЯТХОИ моро тахдид мекунад, дар танхои баромада наметавонанд.

Мухаббат
Албатта бовари дорам.Бояд муносибатхо дустона бошад ва хамдигарфахми бшад. Бисьери чизхо аз рохбаро вобаста.Ба кадамхои аввалин-офарин мегуям.Рахмат ба Президентамон!

78
Аз он ки мо бо узбекон дар муносбати хуб нестем ин ба зарари мо точикон аст чунки раву омад ки нашавад точикони ончо аз мо чудо шуда забони точикиро фаромуш мекунанд.Хирадманд накушад ба чанг гуфтаанд гузаштагон бояд ки дустиро баркарор намуд хатман.

Коршинос
Хуб аст, ҳамсоягӣ ҳаққи Худо гуфтаанд. Лекин бояд минбаъд зиракиро аз даст надиҳем, алалхусус ҳукуматдорон. Сабаби фавран ба хуб намудани муносибатҳо пардохтани сарварони ҳарду кишвари ҳамсоя, ин таҳдиди буҳрони иқтисодӣ ва зиёд шудани хатари ҳамлаи муҷоҳидон ба Осиёи Марказӣ мебошад.

ОЗОДАГОН шумо кадом вакте, ки калимаи Узбакистинро бо Узбекистон ислох кардед дар хамон вакт муносибатхо хуб мешавад. Озодагон дар хакикат озода бошед суханони маро чоп мекунед.

Энсиклопедист
Озодагон, Ислохаш накун. Бигузор аввал онхо Тожика ба ТОЧИК дуруст гуфтану навистанаша ёд гиранд. Баъд фикр мекунем.

Дусти бо хамсоя ин хислати хуби инсони аст. Иншооллох хуб мешавад. Нисбати киргизхо бо узбекхо доду гирифти зану шавхари бисьёр аст .Худо нафармод бо киргизхо онхо бародар ё ки дусти вафодор шуда наметавонанд.

Умеда
Многому можно и нужно поучится у узбеков. Хотябы культуре . Нам бы это не помешало.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)