Бахшҳо
19 янв 2015 14:46Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳамдардии ҲНИТ ва андуҳи ҲХДТ аз такягоҳи худ (НАВШУДА)

Масъулини Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким дар кишвар мегӯянд, аз даргузаштии Суҳроб Шарипов, намояндаи ин ҳизб дар парлумон ва раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳур сахт андуҳгин мебошанд.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Суҳроб Шарипов яке аз шахсиятҳо ва сиёсатмадороне буд, ки ҳизби ҳоким ба он такя мекард: “Шарипов бори дигар аз ҷониби ин ҳизб ба парлумон ҳамчун номзад ба вакилӣ пешниҳод шуд ва мо умед доштем, ки аз маҳорату истеъдод ва дониши ӯ дар парлумон боз ҳам истифода кунем. Як марди зарурӣ дар ҷомеаи тоҷик буданд ва ростӣ барои миллату давлат низ хидмат кардаанд.”

Дар ҳамин ҳол Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби мухолиф низ бо пахши як номаи ҳамдардӣ марги Суҳроб Шарипов, собиқ раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ ва вакили парлумонро талафоти бузург дар маҳофили сиёсии кишвар хонд. Дар номаи ҳамдардии ҲНИТ ба пайвандони Шарипов, аз ҷумла омадааст, “Мо аз Худовандем ва ба сӯи Ӯ бармегардем! ҲНИТ аз даргузашт Шарипов андуҳгин буда, таслияи худро ба аҳли хонадон, наздикон ва тарафдоронаш изҳор медорад.”

Ин ҳизби умдаи мухолифи Тоҷикистон аз Суҳроб Шарипов таҳлилгари чирадасти сиёсии тоҷик ном бурда, таъкид кардааст, ки ӯ сиёсатмадори дурандеш ва муваффқ низ буд: “Бори дигар, таъзияти худро ба хонадон, наздикон ва тарафдорони марҳум баён дошта, аз Худованд барои ӯ ҷаннати Фирдавс ва барои бозмондагону пайравонаш сабри ҷамилро таманно дорем.”

Чанде аз соҳибназарон низ дар суҳбат ба "Озодагон" марги Суҳроб Шариповро барои кишвар талафоти бузург гуфтанд. Онҳо аз марҳум ба унвони як шахсияти ватандӯст, мардумӣ ва самимӣ ном бурданд. Андешаи се тан аз чеҳраҳои шинохтаи кишварро нисбат ба шахсияти Суҳроб Шарипов пешниҳоди шумо мегардонем:

Саймиддин Дӯстов, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Индем”

Худораҳматӣ Суҳроб Шарипов яке аз шахсиятҳои беназир дар доираи сиёсатшиносӣ ва коршиносии Тоҷикистон маҳсуб меёфтанд, ки бо вижагиҳои ба он кас хос маълуму машҳур буданд. Агар гӯем, ки софдилтарин сиёсатшинос ва сиёсатмадори тоҷик дар тӯли 10-12 соли ахир ҳам буд, иштибоҳ нахоҳем кард. Як нафаре буд, ки амалаш бо қавлаш як буд. То ҳадде софдил ва давлатсолор буд, ки чанд сол пеш тарҳи ҷадидеро ба хотири ислоҳоти амиқ дар Тоҷикистон ба президент Эмомали Раҳмон пешниҳод кард. Дар он тарҳ дар аввалин ҷумлаҳояш омада буд, ки салоҳиятҳои президентро дар Тоҷикистон бояд кам кард ва тағйироти конститутсионӣ баргузор намуд. Ин бозгӯи он аст ки то куҷо софдил буд, ки ҳатто ба ҳамчунин президент ҳамчунин тарҳро пешниҳод мекард. Ӯ аз хеле вижагиҳое, ки ба маниши тоҷикӣ хосанд, дур буд.

Суҳроб Шарипов хешутаборбоз ва авлодбоз набуд. Дар ӯ эҳсоси маҳал вуҷуд надошт. Нафаре буд, ки қонунро эҳтиром мекард. Ҳудам як бор шоҳид гаштам, ки дар навбати умумӣ дар мактаби №8-и пойтахт якҷоя меистодем. Ин ҳам ба ин хотир, ки мехост шояд набераҳояшро ба синфи 1 шомил кунад ва дар навбат меистод. Дар ин вақт чанд нафаре ҳам гузаштанд ва посбонҳо ба яке аз онҳо роҳ дода, гуфтанд, фиристодаи раёсати шаҳр аст ва ба ин ваҷҳ ҳеҷ наметавонад онҳоро бенавбат роҳ надиҳад, вале ману Суҳроб Ибронович эътироз бардоштем, ки дар навбати умумӣ биистанд. Ҳол он ки он шахс вакили парлумон, мушовири вақти президент буданд ва метавонистанд, бидуни ягон таоруфот гузаранд, вале салоҳ донистанд дар миёни мардум бошанд. Агар аз ман пурсанд, ки як ҷумла дар бораи худораҳматӣ Суҳроб Шарипов гӯям, мегуфтам, ӯ аз шумори ҳамон кадрҳое аст, ки ҳукумати феълӣ ба қадраш нарасид.

Ӯ Маркази татқиқоти стратегиро дар марҳилае ба даст гирифт, ки дар Тоҷикистон ба марказҳои зеҳнӣ умуман таваҷҷуҳ нест. Ҳеҷ касе ба таҳлил дар ин давлатдории миллӣ гӯё ниёз надорад. Ҳама валӣ ва гӯё фиристодаҳои Худоянд, ки гӯиё ҳама тадбир барояшон рушан аст. Аммо, ӯ дар тӯли 6 сол тавонист ин марказро ба як марҳилаи нави рушд омода созад. Аз вижагиҳояш ҳамчун ташкилотчии илм бардошти ман ин ҳаст, ки нафаре буд, кори тамоми марказро худ иҷро мекард. Дар баробари ин, ҳеч касе нест ки ба муҳаққиқ ва олим будани ӯ дар Тоҷикистон ва дунё шубҳа кунад.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос

Гарчанд, бо баъзе аз гуфтаҳояш розӣ набудам, вале хеле эҳтиромаш мекардам. Чун ки як одами хеле самимӣ буд. Ҳар чизе ки мегуфт аз самим дил мегуфт ва ба он бовар мекард. Илова бар ин як ватандӯст буд. Мо бисёр одамон дорем, ки худро ватандӯсти ватанпарвар мегӯянд, вале дар воқеъ чунин нестанд. Як дифоъгари миллати тоҷик буд. Фикру мавқеи худро дошт. Дар бисёр мавридҳо эҳсосӣ мешуд.
Дар 6 соли раҳбариаш дар Маркази татқиқоти стратегӣ мавқеи ин марказ ва сифати корашро баланд бардошт. Пеш аз ӯ марказро дар сатҳи боло қабул надоштанд ва ба он таваҷҷӯҳ намекарданд. Ҳамеша кушиш мекард, навиштаҳо ва фикрҳои кормандони ин марказро ба сатҳи боло бирасонад. Бисёр муассисаҳои кишварро танқид мекард ва барои ин дӯсташ намедоштанд ва кушиш карданд, ӯ аз марказ равад.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби комунистии Тоҷикистон

Сӯҳроб Шарипов воқеан як шахсият буд. Дар парлумон назари худашро ошкор иброз мекард. Чунин шахсҳоро бояд эътироф кард. Ӯ як кадри худшиносу ватанпараст буд. Ӯ маркази татқиқоти стратегиро мувофиқи эътиқоду мавқеи худаш раҳбарӣ мекард. Падараш як болшевики мо буд.

Суҳроб Шарипов, ки аз бемории камхунӣ ранҷ мебурд, ба хотири бад шудани вазъи саломатиаш шоми 18 январи соли равон ба бахши амрози қалбии беморхонаи Қарияи Боло дар шаҳри Душанбе интиқол ёфта, рӯзи январ аз олам дар синни 52-солагӣ даргузашт. Ӯ муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ буда, даҳҳо мақолаи илмӣ ба қалами ӯ рабт дода мешавад. То кунун дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар кор кардааст. Номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ буд ва дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким аз ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба вакилӣ пешбарӣ шуд.
Мӯҳр
Агар дар конунхои зиди ислом ва худован баровада шуда гунагор набошад худованд рахматаш кeнад ва чояшро чанат кунад.

Фирдавси
Дарбадар.Иншоолох, Худованд бузург аст ва чаннатро ба хотири хаминхел шахсони ахли хирад ва бандагони ботавкоаш оростааст.

Худо рахмати бисёр шахси заки ва босавод, сиёсатшиноси хуб буд, Худо манзили охирататро обод ва чоятро чаннат гардонад.

дилшод
Худорахмати ончунон инсони бузург буд ки имруз хама афсуси марги бармахалашро мехуранд вале иддае гажддилон аз маргаш хам бо кинояи санг задан ба миллату давлат суйистифода мекунанд! У як марди ватандусти ба тамоми Маъно бо тафаккури пухтаи давлати буд!

Худорахмати ончунон инсони бузург буд ки имруз хама афсуси марги бармахалашро мехуранд вале иддае гажддилон аз маргаш хам бо кинояи санг задан ба миллату давлат суйистифода мекунанд! У як марди ватандусти ба тамоми Маъно бо тафаккури пухтаи давлати буд!

Истиклол
Худо шоиста чаннат кунад

мухочир
Авалло ман бар оилаи ин шахс таъзия баён мекунам баъдо гуфтаниям ин барои мо як дарс буд хар якимо дер ё зуд меоем мерем факат дарин дунё факат номи неки мо мемонад шояд азин дарс курси нишинони мо дарси ибрат бигиран на факат дар фикри худашон бошан фикри халку милатро хам кунан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)