АКС: Ҳамдардии Президент ва таассуфи Зуҳуров зимни видоъ бо Суҳроб Шарипов

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон дар маросими видоъ бо вакили парлумон -- Суҳроб Шарипов, ки рӯзи гузашта дар синни 52 даргузашт,марги ӯро талафоти бузург гуфт.
Ӯ аснои суханронӣ аз номи райисҷумҳур ва парлумон ба наздикони Суҳроб Шарипов изҳори ҳамдардӣ намуда, изҳор дошт, “даргузашти ӯ барои ҳамаи мо талафоти бузург аст”. Ҷаноби Зуҳуров аз Суҳроб ба унвони шахсияте ном бурд, ки барои рушди сиёсат талоши зиёд кардааст.
Дар маросими видоъ бо Суҳроб Шарипов, ки дар масҷиди маҳаллаи 65-уми пойтахт ҷараён дорад, чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон иштирок доранд.
Суҳроб Шарипов аз бемории камхунӣ ранҷ мебурд ва шоми 18 январи соли равон ба бахши амрози қалбии беморхонаи Қарияи Боло дар шаҳри Душанбе интиқол ёфта, рӯзи 19 январ даргузашт. Ӯ муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ буда, даҳҳо мақолаи илмӣ ба қалами ӯ рабт дода мешавад. То кунун дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар кор кардааст. Номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ буд ва дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким аз ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба вакилӣ пешбарӣ шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |