Бахшҳо

"Вавилон-Мобайл" ширкати оффшорӣ нест"

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 19 январ изҳор дошт, ширкати "Вавилон" баҳси додгоҳиро бо Кумита бохтааст. Ӯ илова намуд, 75 дарсади аксияи “Вавилон-Мобайл” ба ширкати “Хайтроник” тааллуқ дорад, ки дар минтақаи оффшорӣ дар ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шудааст ва қисми дигари моликияти он аз ширкатҳои Русия мебошанд. Ҷаноби Давлатзода дар идома афзуд, “Кумитаи андоз бо ин ширкат дар остонаи созиш қарор доранд”.

Дар зимн, Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Вавилон” ба “Озодагон” гуфт, ҶСП “Вавилон-Мобайл” дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, тибқи талаботи қонуни Тоҷикистон ширкати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ширкат инчунин дар Реестри ягонаи шахсони ҳуқуқӣ дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад: “Аз ин лиҳоз “Вавилон-Мобайл” аз ягон ҷиҳат ширкати оффшорӣ буда наметавонад ва танҳо ширкатест, ки бо маблағгузории хориҷӣ таъсис ёфта, ҳама кормандон ва муассисонаш шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд”.

Ӯ иброз дошт, “ҶСП “Вавилон-Мобайл” ҳамасола андозҳои худро сари вақт месупорад ва ҳамеша фаъолияти ширкат аз тарафи Кумитаи андоз мавриди тафтиш ва санҷиш қарор гирифта бошад ҳам, вале то пайдоиши баҳсҳои судӣ роҷеъ ба ин масъала ҳеҷ эроде аз тарафи Кумитаи андоз набуд. Имрӯз вақте раиси мухтарам аз созиш сухан меронаду, вале дар илова мегӯянд, “мо баъзе маълумотҳои иловагӣ низ дорем, ки агар лозим шавад, мегӯем”, ҳама ниятҳои хайри эшонро роҷеъ ба “созиш” зери суол мебарад”.

Оқои Ҷумъаев, мегӯяд, “Вавилон-Мобайл” миёни дигар ширкатҳои мобилии дар Тоҷикистон фаъолияткунада ягона ширкатест, ки 25 дарсади саҳмияҳояш дар ихтиёри шаҳрвандони Тоҷикистон аст ва мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дорандаи 75 дарсади саҳмияҳои ҶСП “Вавилон-Мобайл” на дар ихтиёри ким кадом як ширкати офшории “Хайтрон”, балки дар ихтиёри ширкати “Hightron Holdings Inc” қарор дорад: “Ширкати хориҷии Hightқon Holdings Inc аксионери асосии ҶСП "Вавилон-Мобайл" ба ҳисоб рафта, ба фондҳои асосии “Вавилон-Мобайл” аз соли 2003 то 2014 зиёда аз 895 335 000 сомонӣ маблағгузорӣ кардааст. Маблағҳои мазкур на аз Тоҷикистон ба минтақаи оффшор, балки аз тарафи “Hightron Holdings Inc” ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шуда, дар рушду равнақи соҳаи технологияи навтарини телекоммуникатсионӣ, бо миллионҳо сомонӣ пур шудани буҷа ва аз ҳама муҳим таъмини ҷойҳои корӣ гардидааст. Инчунин бояд қайд кард, ки қонунгузориҳои Тоҷикистон маблағгузориҳои ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои дар минтақаҳои оффшорӣ ба қайдгирифтаро манъ накардааст”.

Сухангӯи “Вавилон” меафзояд, дар давраи фаъолияти худ аз соли 2003 то 2014 ҶСП “Вавилон-Мобайл” ба маблағи умуми пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаи кишвар 830 миллион сомонӣ пардохт намуда, барои корҳои хайрия 6 миллион сомонӣ сарф кардааст: "Инчунин, ширкат пешрафтатарин технологияҳоро ворид намуда, зиёда аз 3 000 000 муштариёнро бо алоқаи баландсифат ва зиёда аз 4000 нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намуда истодааст. Баҳсҳои додгоҳӣ ҳанӯз дар марҳилаҳои гуногуни судӣ бо Кумитаи андоз идома дорад ва ширкат барои бекор кардани қарори Кумитаи андоз талошҳои худро идома медиҳад. Барои ҳамин ҳам ҳанӯз “ширкати “Вавилон” дар додгоҳ баҳсро бо Кумитаи андоз бохтааст”, гуфтан барвақт аст”.
Мӯҳр
Точик
Точикон тачриба андухтаанд, дигар фиребкори ва каллоби ба кор намеравад. Худо хохад, Оффшори ва ширшори хама аутшори мешавад.

Редаксияи мухтарам!
Чаро Давлатов аз ширкатщои ки дар минтакахои афшори ташкил шудаанд ва пинхони аз андоз озод карда шудаанд, лаб намекушояд?
Чаро IRSро ва ширкатхои ба ин монанро касе пишакашонро пишт намегуяд?
2) IRS гайри конуни амал намуда руз ба руз нархро бардошта ва аз андоз онро боз озод менамояд! кани мантику мардумпарасти!???
3) Имруз бошад нархи нефт ба пастарин нукта фаромадааст аммо нархи сузишвори дар бозори точикистон бошад кариб ки паст нашудааст!
Ки холо бояд нархи бензин аз 1 сомон ва нархи газ аз 50 дирам зиёд набошад, аммо ин органхо кучо менигаранд? Ин холат бошад аз чи гувохи медихад? Хонандаи зирак бояд худаш сарфахм равад!

ДУРАНДЕШ
сухангуи ширкати «Вавилон-М» Холикназар Чумаъаев бахси чойдоштаро бо мазмуни баланд асоснок намуда шарх додааст.Аммо аз тарафи Кумитаи андоз ягон далели мушахас пешниход нагардидааст ва ё тахлилгари корманди масъули Кумитаи андоз доир ба ин бахсхо муарифи нагардидааст .Шояд Нусратулло Давлатов аз хулоса ва санади тартиб додаи кормандони худ бо таври бояду шояд огох гардидааст. Хаминро кайд менамоям,ки бо чунин санчишхо ва хулосабандии Кумитаи андоз нисбат ба сохибкорон ва ширкатхои ватани баланд гардидани сатхи зиндагии мардуми Точикистони азизамон дар гумон аст !Албатта инро вакт муайян месозад ,аммо пасон худкардаро даво нест.Аз тарафи дигар таърих ба хаммаи ин беадолатихо шохиди медихад.Яъне имруз бояд номи некро гузошт.(ИЛОЧИ ВОКЕЪА ПЕШ АЗ ВУКУЪ ГУФТААНД ГУЗАШТАГОНИ МО)

Далер
Мумкин инцо ракобати байни ширкатхои дигар чой дорад! Ба хархол Худованд Сохибкорони ватнро нигахбон бошад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)