Бахшҳо
21 янв 2015 11:51Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Барканории ду генерал ва таъиноти нав дар сохторҳои қудратӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 21-уми январ як гурӯҳ кадрҳои навтаъини Вазорати умури дохилӣ, Вазорати дифоъ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишварро ба ҳузур пазируфтааст.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур дар мавриди кадрҳои навтаъин хабар медиҳад, ки Баҳром Шарифзода сардори раёсати Вазорати умури дохилӣ дар вилояти Хатлон таъин шудаст. Ӯ дар ин мақом генерал-майори милитсия Анвар Тағоймуродзодаро иваз кард, ки ахиран аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократи Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.

Инчунин Файзалӣ Шарифзода сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Аҳлиддин Маҷидов сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа таъин гардидаанд. То ҳол раҳбарии Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро генерал Ҷурахон Маҷидзода ба ӯҳда дошт, ки ӯ низ аз ҳавзаи Муъминобод ҳамчун номзади ҳизби ҳоким ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, ҳамчунин роҳбарони коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ва литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ва сардорони як қатор раёсату дигар сохторҳои ин ду вазорат, командирони як зумра қисмҳои ҳарбӣ ва сардори отряди сарҳадии Хоруғи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иваз карда шуданд.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои нав афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ва таҳдидҳои олами муосир зикр карда, ба омодасозии босифати кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангию касбии воҳидҳои низомию кормандон ва дар маҷмӯъ ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат таъкид кардааст.


АКС: Барканории ду генерал ва таъиноти нав дар сохторҳои қудратӣ

АКС: Барканории ду генерал ва таъиноти нав дар сохторҳои қудратӣ

АКС: Барканории ду генерал ва таъиноти нав дар сохторҳои қудратӣ

АКС: Барканории ду генерал ва таъиноти нав дар сохторҳои қудратӣ

АКС: Барканории ду генерал ва таъиноти нав дар сохторҳои қудратӣ

АКС: Барканории ду генерал ва таъиноти нав дар сохторҳои қудратӣ

АКС: Барканории ду генерал ва таъиноти нав дар сохторҳои қудратӣ
Мӯҳр
кургани
Акаи Анвар инсони хубай неким чиянош ягон одама одам хисоб намекардан, аз хамин хотир хайрят акаи Анвара ай шефи гирифтан. аку и чиянои чо мекарда бошан. асобенна бачахои апаш

черни акула
Шарифхонов Бахром бехтарин кадри милиса мебошад

Бахром дар хакикат инсони ватандусту баномуси ин диёр аст у кадри хакики мебошад Иншоллох дар ин вазифа софдилона ичрои вазифа менамояду сазовори боварии Давлат мешавад зеро Бахром аз зинахои поёни ВКД баромадааст.Худованд икболу обрую сихату саломат боши додар.

Бахром сазовор аст, зеро корманди сохибкасб ва содики макомот буда хамеша, новобаста аз кораш рафтори инсониро фаромуш намекунад! Муваффакият хохонем, Бахром!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)