Бахшҳо

Иқтисоди Тоҷикистон дар соле, ки рафт...

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

ҚУРБИ АСЪОР

Авоили соли 2014 дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби як доллар ба 4,98 то 5 сомонӣ баробар буд. Аммо бо шиддат гирифтани буҳрони Украина ва коҳиши қурби рубли русӣ, қурби доллар дар Тоҷикистон дар миёнаҳои моҳи декабр ба ҳадди рекордии 5,65 сомонӣ расид, вале билохира рӯзи 23 декабр дар нуқтаҳои саррофии маркази Душанбе он аз 5,42 то 5,50 поин омад. Ин афзоиши қурби доллар ва дар баробари он беқурбшавии сомонӣ нархи бисёре аз молу маҳсулотро дар дохили кишвар боло бурд. Аз дигар сӯ, аз аввали сол арзиши 1000 рубли русӣ зимни мубодила дар нуқтаҳои саррофӣ 148 сомонӣ то 140 сомониро ташкил медод. Аммо охири сол бошад, 1000 рубл ба 90 то 92 сомонӣ расид, ки ин бевосита арзиши музди дарёфтии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия то 30 фоиз коҳиш дода, дар натиҷа соли 2014, 2 баробар камтар маблағ ба Тоҷикистон ворид шуд. Дар натиҷаи ҳамин буҳрони иқтисодӣ иқтисоддонон пешниҳод карданд, ки ҳукумати кишвар бояд вазъи фавқулодаи иқтисодӣ эълом кунаду аз барномаи оҷили зиддибӯҳронии онҳо истифода барад.

ММД

Соли 2014 рушди номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) -и Тоҷикистон 45,6 миллиард сомонӣ ё 8 миллиард долларро фаро гирифт. Рушди ҳақиқии ММД дар ин давра 6,7% буд, ки нисбат ба соли 2013 0,7 банди фоизӣ камтар шудааст. ММД сари ҳар аҳолии Тоҷикистон 5,4 ҳазор сомониро ташкил намуд. Бо ин вуҷуд Константин Бандаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон муътақид аст, ки дар вақти ба ҳисобгирии ММД бисёр омилҳое, ки ба некуаҳволии халқ таъаллуқ надоранд, ба эътибор гирифта мешаванд минҷумла сохтмонҳои оммавии беманфиъат ва чойхонаи калонтарин, ба ҳамин далел воқеӣ будани ҳисоботи додаи масъулин зери суол аст. Мумкин ҳам нест ба омори Тоҷикистон куллан бовар кард, зеро маълумот ҳамчун дар давраи шӯравӣ аз будаш кам нишон дода мешавад. Ҷолиб инки новобаста аз афзоиши ҳарсолаи ММД сифати некуаҳволии халқ хеле суст пеш меравад. Аммо Умеди Давлатзод муовини вазири рушди иқтисод мӯътақид аст, ки сатҳи баланди иқтисоди ниҳонӣ дар Тоҷикистон имкон намедиҳад арзиши изофа дар ММД ба инобат гирифта шаваду ба сари ҳар аҳолӣ болотар равад.

ТАВАРРУМ

Тибқи омори расмӣ сатҳи таваррум дар соли 2014, 7,4%-ро ташкил намуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2014 таварруми Тоҷикистонро 7% ва Сандуқи байналмилалии пул 6,6% пешбинӣ карда буданд. Соли 2013 бошад, сатҳи таваррум рақами рекордии 3,7%-ро ташкил дода буд. Бо ин вуҷуд, иқтисоддонон мегӯянд, ки дар мамлакатҳои иқтисодиёташон сусттараққӣ кунанда таварруми 1 то 2 фоиз метавонад дар муддати кутоҳе нархи молҳоро баланд бардорад ва ингуна болоравӣ танҳо дар давлатҳои саноатии пешрафта таъсир надорад. Гузашта аз ин агар чор соли қабл мешуд бо 100 доллар як хона ба иҷора гирифт, акнун бо 200 доллар ҳам манзили иҷоравӣ бисёр кам ёфт мешавад. Ин метавонад маънои онро дошта бошад, ки таваррум то 100 фоиз боло рафтааст.

БЕКОРӢ

Дар 11 моҳи соли 2014 шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 2 295,3 нафарро ташкил дод, ки аз ин теъдод 57,3 ҳазор нафар расман унвони бекориро гирифтанд ва ин 2,5 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодиро ташкил медиҳад. Аммо ба гуфтаи иқтисоддонон ин рақам воқеиятро нишон намедиҳад. Зеро миқдори зиёди аҳолии Тоҷикистон ба сабаби набдуани кор бо маоши арзанда, дар муҳоҷират ба сар мебаранд ва тибқи омори ғайрирасмӣ 2,5 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Бисёре аз афроди бекори дар Тоҷикистон буда, тасаввурот ҳам надоранд, ки онхо ҳуқуқи гирифтани кумакпулӣ ҳангоми бекорияшонро доранд. Лизо ба мақомоти ҳифзи иҷтимоии маҳаллӣ дар бораи бекор буданашон ҳам муроҷиъат намекунанд. Ба ҳамин хотир шумораи бекорон дар Тоҷикистон бештар аз омори расмист. Афзоиши бекорӣ дар кишвар хатарнок аст, чун инҳо одамонеанд, ки қобилияташон маҳдуд аст (беморони руҳӣ), донишҷуёни рӯзона, маълулон ва дигар ашхосе, ки ба сабабҳои гуногун имкони кор карданро надоранд. Барои рафъи бекорӣ дар Тоҷикистон то имрӯз танҳо коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ бунёд гардидааст, ки ингуна корхонаҳо танҳо дарди 15 нафар бекорро даво мекунад на аз ин бештар.

ИҚТИСОДИ НИҲОНӢ

Мақсади иқтисоди пинҳонӣ гурез аз қайду андозҳои давлатист. Масъулини Вазорати рушди иқтисод иқтисоди ниҳониро 21% медонанд, ин ҳам дар ҳолест, ки иқтисоддонони мустақил ин рақамро аз 60% ҳам бештар дониста, чанде аз онҳо ҳатто 90 % медонанд. Инкишофи иқтисоди махфӣ дар Тоҷикистон аворизи манфие дорад, касри буҷети давлатиро зиёд мегардонад, ки дар натиҷаи он давлат наметавонад сари вақт пули нафақахӯрону дигар кормандоне, ки аз ҳисоби буҷет маъош мегирандро бипардозад. Гуфта мешавад 60% тоҷирону ширкатҳо аз ҳисоби даромади махфии худ аз пардохти андоз мегурезанд ва албатта, ки иқтисоди кишвар инкишоф намеёбад, зеро барои рушди иқтисод қабл аз ҳар чиз пул лозим аст. Аммо сабабҳои даст ба иқтисоди ниҳонӣ задани тоҷирону соҳибкорон ва соҳибони ширкатҳое, ки даромади худро кам нишон медиҳанду аз пардохти андоз фарор мекунанд, таваҷҷуҳи иқтисоддононро ба худ ҷалб кардааст. Иқтисоддонон сабаби густариши онро дар гаронии андоз ва ҷо доштани фасод дар кишвар медонанд.

ТАВОЗУНИ САВДО

Содироти Тоҷикистон дар соли 2014 ба 977,4 миллион доллар ва воридот ба 4,3 миллиард доллар баробар шуд, ки нисбат ба соли 2013 мутаносибан 3,6 фоиз ва 7,3 фоиз зиёд мебошад. Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ташаккул ёфта -3,4 миллиард долларро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 13,6 фоиз зиёд мебошад. Бо тадовуми вазъияти феълӣ Тоҷикистон баъид аст тавонад ба як кишвари содиркунанда табдил шавад. Чун содирот асоси даромади миллии ҳар кишвареро ташкил мекунад. Инак истеҳсолоти Тоҷикистон хеле ночиз аст ва бештари молҳои мавриди ниёзи худро чи ғизоиву ғайриғизоиро аз хориҷа ворид мекунад. Низоми воридоту содироти кишвар аз он вобаста аст, ки чи қадар имкони баровардани молҳои ба бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯро Тоҷикистон дорад, то ин низомро баробар созад. Вале имрӯз Тоҷикистон вобаста ба технологияи кӯҳна, кадрҳои заъиф ва тафаккури эҷоди моли наву соҳибкорӣ рушд наёфтааст. Барои ҳамин хоҳ нохоҳ тарози савдои хориҷӣ яктарафа мешавад.

КАМБИЗОАТӢ

Соли гузашта сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ ба 35,6% расид ва тибқи пешбиниҳо ин рақам соли 2015 бояд ба 31,5% ва соли 2020 ба 20% расонида шавад. Аммо иқтисоддонон мегӯянд, ки сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар дараҷаи пасте қарор дораду теъдоди аҳолии камбизоат то 60% мерасад ва танҳо 5 фоизи мардуми кишвар метавонанд зиндагии хуб дошта бошанд, онҳо ҳам соҳибонии бонку корхонаҳо ва тоҷирони наздик ба ҳукуматанд. 15 фоиз метавонад камбизоатии худро рад намояду бигӯяд барои хӯрдан чизе дорад. Аз 80 фоизи боқимонда ҳам 20 фоизаш онҳоеанд, ки барои рӯзгузаронӣ зиндагӣ мекунанд. 60 дарсади мобақӣ мардуме ҳастанд, ки камбизоатанд ва аз ин теъдод 14% ба фақри шадид гирифторанду бидуни кумаки беруна зиндагӣ карда наметавонанд.
Мӯҳр
Зев
сафсата нанавис

чи кадар агар касри манфии савдои хоричи афзояд хамон кадар иктисоди дохили ру ба таназзул аст сафсатаи бисер ба ки дар кор ба омори дуругин то кучо меравем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)