Бахшҳо

Президент дар бораи “ҷиҳодиҳо”: Наворҳоро дидем, оё ин мусалмонист?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон аз мардуми кишвар хост, бо наздиконашон, ки ба хориҷ барои кору таҳсил рафтаанд, доимо дар робита бошанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, бисёри ҷавонон маҳз дар муҳоҷират ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ афтода, ба ҷангҳои хориҷӣ мераванд: “Як қисми наворҳоеро тамошо кардем, ки ба чӣ гирифтор аст. Фарзандҳо ба дараҷае мераванд, ки аз падару модарашон рӯй мегардонанд. Оё ин мусалмонист?”

Ба дунбол, Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвар коҳиш дода шавад ва ба ин мақсад муҳайё намудани ҷойҳои кориро дар дохили кишвар зарур донист: “Соли 2014 дар кишвар ҳудуди 250 ҳазор ҷои кори доимию мавсимӣ муҳайё шудааст. Дар соли равон бояд на камтар аз 200 ҳазор ҷои кории нав ташкил карда шаванд.”

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори густариши касбу забономӯзӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар хориҷи кишвар шуд. Бо ин мақсад Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, то охири соли равон қонун “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ” таҳия ва пешниҳод гардад.
Мӯҳр
5000 чои кориро дар як ширкате бархам додеду боз дар бораи таъмин бо чои кор харф мезанед?

Дар соли равон бояд на камтар аз 200 ҳазор ҷои кории нав ташкил карда шаванд.”
агар маош 300 сомон бошад 1 халта одр 1800 120 сомонии дигараш барои равгану картошка . ба мо либос лозим нест мо .агар бемор шавем чикор кунем .

Тарзан
Агар конун "Дар бораи мухочирати мехнати" тахия карда шавад,ки дар он албатта синну сол, чинс ва кобили мехнату сохибкасб будани мухочири мехнати ба хисоб гирифта шавад. Дар Фурудгох ва Катора бе ичозатномаи Вазорати шугли мехнат, ичозати сафар дода нашавад.

кулоб 2015
Салом. Магар дар франсия ва германия ва дигар кишвархои аврупо ва амрико ва арабу офрико конун нест? хаст ва хело сахтарам хаст, вале бозам бештари чавонон дар чанги одамкуши ба номи ислом ва ба номи чиход аз тарафи аврупо хастан. Ин чиход нест, одамкуши ва горат аст.
кор бояд дар ватани худамон бошад ва бо дар назар гирифтани хурокаи хадиакали( як копча орд, 10л руган, 2 канд, 3 бирнч, ва либос барои хар ду фасл). мардуми кишавар бояд сугурта ё хамон бима дошта бошанд. бемористонхо арзонкимат карда шаванд.
сатхи миёнаи чахониро дар назар бигиред ҷавоно ва дигар мардум чаро дигар шахр ва ё хорича раванд.
Таълимоти диниро дар мактабу донишгох чой кунед бештар кунед, чавон огох шавад чаро равад коре кунад ки дар акидаи у дурст нест.
Худоё мардуми моро бештар рахкун, омин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)