Бахшҳо

“Коре кунед, ки Президент дар хориҷ нею дар дохил табобат гирад”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон рушди соҳаи тандурустии кишварро зарур хонд.

Раисиҷумуҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар соҳаи тандурустӣ корҳо бояд тавре роҳандозӣ шаванд, ки президент, вазири тандурустӣ ва вакилон ба хориҷа нараванду дар дохил табобат гиранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ташхиси тиббиро барои издивоҷкунандагон муҳим хонд: “Ҳаматарафа ташхиси тиббии издивоҷкунандагон ва никоҳ миёни хешовандон омӯхта шаваду аз он ҷилавгирӣ гардад. Мо ҳама барои ҷавонон хушбахтӣ мехоҳем.”

Ӯ гуфт, хушбахтӣ дар хонаводаҳое, ки маъюбанд, аз нигоҳи руҳӣ равонӣ мушкил аст: “29-уми декабр аз як муассиса дар Варзоб боздид кардам. Як писарчаи 10-сола, ки аз пой маҳрум буд, ба ман гуфт, бобоҷон ман гӯши шумо як гап мегӯям. Хам шудам ва ӯ ба гӯшам гуфт, бобоҷон шабҳо пойҳоям дард мекунанд, маро ба ҷойе равона кунед, ки табобат гирам. Ман чӣ кор кунам? Чунин ҳолатҳо садҳо ва ҳазорҳо шудаанд. Ин мушкили ҷиддӣ аст.”

Раисиҷумҳур гуфт, вақте хонадоршавии хешовандон зиёд мешавад, хатари аз байн рафтани миллат ба вуҷуд меояд. Ӯ сафараш ба кишвари арабро мисол оварда, илова намуд, “он мардум барои зиёд кардани миллат ва солимӣ идивоҷ бо хориҷиёнро иҷозат доданд. Шумораашонро аз 100 ҳазор то 1,5 миллион нафар расонданд.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ягон ҷои шарму изо нест ва волидон бояд ба духтарону писаронашон фаҳмонанд, ки чӣ кор дуруст асту чӣ не. Ӯ пешниҳод намуд, ки соли 2015 дар кишвар Соли Оила эълон карда шавад.
Мӯҳр
Жозефина
Дуруст. Вакти он расидааст, ки ба хонадоршавии байни фарзандони амаку, амма ва хола хотима гузошт. Нафакат аз лихози Анатоми - Биологи хуб нест, балки ин боиси ташаккул ва рушд накардани миллат мегардад.Агар ин одат аз байн бардошта шавад,кавмгарохи ва махаллбозиро аз байн мебарад ва миллати ба маънои томашро руи хасти меорад.

Халил
Тамоми шароитро Хукумати мамлакат барои олимону донишчуён фарохам кардааст, бикушед натанхои сохаи тандурусти балки тамоми сохахои кишвари мо рушд кунад, то мо ба дигар кишвархо ва ба технологияю медитсинаи онхо ниёзманд бошем. Хатто аз бучаи давлат ба дигар кишвархо бахри тахсил мефиристонанд хоенд олим шавед, кашф кунед, сазовор ба он гамхории сарвари давлат шавед.. рахмат озодагон шумохам ин икдомхои Чаноби Олиро пазирои кунед

Президенти кишвар хамеша барои пешравиву ободии кишвар акидахои начибонаро ироа медорад. Ин яке аз он пешниходест, ки табобат дар дохили чумхури хам ба нафъи иктисодиёти кишвар асту хам боварии мардум ба сохаи тибби чумхури меафзояд.

55
Лукин шароит нест ку хизматрасонии паст боз пули зиед мегиранлд як узии як орган аз 10 то 20 с ойлук 250 с казоват кунен худ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)