Бахшҳо
23 янв 2015 15:18Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Сӯиистифодаи мансабдор аз нооромӣ дар Исфара ва фирор ба Русия

Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” сӯиистифодаи як мансабдори воломақоми ин ниҳод аз мавқеъ, фурӯши амвол ба шаҳрванди Қирғизистон ва фирораш ба Русияро шарҳ дод.

Нуралӣ Акрамов, сардори шуъбаи ҳуқуқ, кадр ва коргузории “Тоҷикагролизинг” дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, охири соли гузашта Аскар Шарифов собиқ раиси ин ниҳод барои сӯиистифодааш аз мавқеъ ва фурӯши моликияти давлатӣ ба сокини Қирғизистон дар Исфара боздошт шуд.

Акрамов изҳор дошт, ки Шарифов дар маҷмуъ одами хуб ва кораш ҳам хуб буд: “Аммо ба фикри шахсии ман нооромиҳое, ки дар Исфара ба амал омад ва шояд Аскар Шарифов низ гумон кард, ки вазъият хуб намешавад ва ӯро намекобанд, ҳамин тариқ бо мақсади пулкоркунӣ амволи корхона - 1 трактор ва як комбайнро фурӯхта, боқимонда амволи корхонаро бесоҳиб гузошта ба Русия фирор кард.”

Акрамов Нуралӣ афзуд, баъди оне, ки аз қазия хабардор шудаанд, ба додситонӣ муроҷиат намудаанд ва Шарифов аз ҷониби мақомот дастгир шуд: “Ҳоло Аскар Шарифов дар боздоштгоҳ аст ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ аз тарафи прокуратура, сарҳадот ва Вазорати мудофиа мавриди санҷиш қарор дода шудааст.”

Масъули “Тоҷикагролизинг” афзуд, ки дар мавриди амволи фурӯхташуда ба шаҳрванди Қирғизистон, феълан гуфтушунид идома дорад ва он ба наздикӣ баргардонида мешавад.

Қаблан ВКД хабар дода буд, ки Аскар Шарифов, сокини 38-солаи ноҳияи Исфара, собиқ сардори “Тоҷикагролизинг” моҳи январи соли 2014 бо сӯиистифода аз мансабаш, дидаю дониста, барои 1 адад трактори тамғаи “Тоҷирон”, ки ба корхонаи мазкур барои истифода дода шудааст, ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ омода карда, аз худ намудааст. Ӯ дар пайи тайёр намудани асноди тақаллубӣ тракторро ба шаҳрванди Қирғизистон, Одилов Абдувосит, соли таваллудаш 1970 ба маблағи 15 000 доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағи онро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Мӯҳр
точик
Кадом мансабдори точик аз макомаш суистифода накардааст,ки инаш накунад. Холо ин нафар ба фикрам хама чизро фурухтаву хаки дигаронро напардохтааст, барои хамин фошаш карданд.

Sado
Ин хам азои нахзат исломи бошад?!?!?!?!?!?!?
Чаро дар Интел вакто хизбашро намкгуед??????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)