Бахшҳо

Истиқболи Кабирӣ аз оҳанги паёми Раҳмон: Умед дар вақти буҳрон хуб аст...

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз оҳанги паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки умедворкунанда буд, истиқбол кард. Ӯ дар шарҳи бардошташ аз паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар мавриди интихоботи оянда интизори дастуроти мушаххасе буд, вале садо надоданд:

-Дар паём ҳама он масоиле ки интизор мерафт ҷо дошта бошанд, зикр шуданд. Тамаркузи бештар ба рушди иқтисодӣ, эчоди ҷойҳои кории нав ва сарфаҷӯйи дар истифодаи барқ ва дигар захираҳо нишон медиҳад, ки паём бо назардошти вазъияти имрӯза омода шудааст. Яъне, буҳрони иқтисодии Русия барои мо бетаъсир нест ва бояд омодаи он бошем. Аммо, паём оҳанги умедворкунанда дошт ва дуруст ҳам ҳаст. Дар баробари омодагӣ ба буҳрон, додани умед ва боварӣ ба мардум дар ҳолатҳои буҳронӣ шиддатро поин мебарад.

Аммо, интизор доштем, ки дар масоили сиёсӣ, ба хусус, интихоботҳои оянда , шароити баробари аҳзоб ва номзадҳо бештар ва дақиқтар суҳбат шавад. Чун Президент дар суханронии худ бахшида ба 20 солагии Сарқонун дар бораи шароити баробар ба ҳама аҳзоб ва номзадҳо сухбат карданд, вале мақомоти маҳаллӣ онро дар марҳалаи пешниҳоди номзадхо, баргузории анҷуманҳо ва конфронсҳо нодида гирифтанд. Барои ин даҳҳо мисол дорем ва ба комиссияҳои дахлдор, судҳо ва дигар мақомот дар ин бора муроҷиат шудааст. Умед доштем, ки дар паём ба мақомот дастури мушаххас дода мешавад, ки қонун ва ваъдаи Президентро бе тафсирҳову шарҳҳои ҳархела иҷро намоянд.

Президент боз ҳам ибораи " шароити баробар"- ба ҳамаро такрор карданд ва гуфтанд, ки ҳама озод ҳастанд дар фаъолияташон. Ҳоло бубинем, ки мафҳумҳои " шароити баробар" ва "озодӣ" аз тарафи макомоти маҳаллӣ чӣ гуна фаҳмида ва тафсир мешавад, чи хел онро амалӣ мекунанд...

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ

Паёми имсола аз паёмҳои гузашта аз чанд ҷиҳат фарқ мекард, аввал ин, ки соли ҷорӣ барвақтар паём ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ироа гардид. Дар паём дар баробари ҳисобот додан аз дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соли сипаришуда, ҳамчунин нақшагузорӣ барои солӣ ҷорӣ ироа гардид. Дар бораи дастовардҳо зиёд фикрҳо гуфта шуд, воқеан, ҳам мо дар соли гузашта дастовардҳои зиёд доштем.

Чизи муҳиме, ки ҷаноби олӣ дар паёмашон таъкид карданд, ин маоши моҳонаи кормандони давлатӣ бояд дар ҳудуди 25 фоиз баланд карда шавад, ҳамчунин нафақа ва стипендияи донишҷӯён агар хато накунам дар ҳаҷми 30 фоиз зиёд мешавад. Ҳамаи ин ман фикр мекунам, ки як пешрафте хоҳад шуд барои рушди иқтисод ва дар мавриди сатҳи зиндагии мардум.

Воқеан, ҳам ман ин чизҳоро аз паёми президент интизор будам, чунки вазъият ҳамин чизро талаб мекунад, ва ҷаноби олӣ бо гуруҳи мутахассисон ин чизҳоро таҳлил карда баромаданд ва пешниҳодҳои худро манзури ҷомеаи Тоҷикистон карданд.
Мӯҳр
точик
М.кабири ачиб гап мезанед, вакте фармон аз худи боло бошад, чигуна боз масъулони нохияхоро худи боло сарзаниш кунад, ки конунро шикастаанд?!!!!!

Чаноби Кабири фикрашро оиди суханони Чаноби Оли дар бораи "Ба умеди хочагони хоричиатон нашавед.." мегуфти бисёр хуб мешуд, хамин суханаш ба фикрам бисёртар ба чаноби Кабири ва хамаслаконаш таалук дошт....

Махина
Хакикатан, президент хастану мо стипендияи худро саривакт мегирем, ана боз зиёдтар шуд, боварии комил дорам, ки стипендияхои донишчуен боз хам зиёдтар мешаванд, ба Эмомали Рахмон сипосгузаром ва барори кор таманно дорам

Фирдавс
Огои Кабири холо танхо дар фикри интихоботи карибулвукуъ асту халос. Суол ба миён меояд, ки оё худи Кабири рушди кишвар ва оромиву суботро дар Точикистон ба мисли сарвари Хукумати имруза таъмин карда метавонад ё на? Дар бораи номукаммали ва набудани дастурхо гап мезанад, аммо аз руи конун президент ба парлумон дастур намедихад...точик,

Дар хамин чо окои Кабири дар киёс ба окои Солех аз сиёсати чаноби оли бехтар пуштибони нишон додаанд. Гуё харду аз як хизбанд.

Чаноби Кабири танхо дар фикри хадафхои сиёсии худ аст. Фикр мекунам барои рушди сохахои хочагии халк ва ояндаи Точикистон бояд хама хизбу харакатхо масъул бошанд.
Чаноби Кабири барои чуброни маблагхои хочагони хоричи чи хам мегуфт. Барои ин харочотхо бояд рузе чавоб гуфт.

Sadulo
Чаро дируз хонахоямон ба барк таъмин буд Вале имруз боз торикиву сарди мехмони доимии мо шудааст
Шояд ин хама бо сабаби паёми райсчумхурамон буд?

Чаноби Оли шери нарай .Мо бо шумоем!!!

obgd
Мухидин Кабими хубаш дигар шушо оиди масьалахои сиеси гап назанед чунки аз худатон сар карда бисёр аьзоёнатон барои мансаб ва шанфиати худатон фикр мекунеду халос. Мардум ба шумо боварии калон дошт аммо солхои охир дидем ки хамаи ин факат дар сухан хасту халос шумо аккалан аз гуфтани гапи хак метарсед. Ман дар махал дидам ки аьзоёни Хни ба чи корхои харом даст мезананд монанди порадихи фохишагими ва гайрахо ва барои ин корхояшон аз Ислом низ ривоят меёбанд. Шахсеро медонам ки аьзои ХН буд дар интихоботи пешина овозхои хн.ро ба ххдт гузаронид ва холо дар вазифаи баланд кор мекунад. Дигар мардум на ба ту бовари дораду на ба пайравонар дигар гандумнамои чавфуруш нашав

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)