Бахшҳо
23 янв 2015 17:18Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

АКС: Ғасби хонаи кампир ва интиқоди А. Ғоиб аз бархе адвокатҳо

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар 4 рӯзи ахир аз боздошти ду вакили мудофеи тоҷик хабар дод, ки яке дар фасодкорӣ ва дигаре дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, яке аз боздоштшудагон Алишер Файзуллоев, адвокати Асотсиатсия адвокатони «Ҳамкорӣ»-и шаҳри Душанбе бо роҳи қаллобӣ хонаи сеҳуҷрагии Людмила Порхуллоеваро тасарруф намудааст.

Оҷонсӣ мегӯяд, ба Алишер Файзуллоев муяссар мегардад, ки бо роҳи фиреб ва гумроҳ намудани Порхуллоева шартномаи хариду фурушро ба имзо расонида, ғайриқонунӣ соҳиби манзили истиқоматии охирон шавад: “Санаи 9 октябри соли 2014 манзили истиқоматии сеҳуҷрагии ӯро ба Зуҳурова Ғ.Х. ба маблағи 55000 доллари амрикоӣ фурухта, маблағи онро тасарруф намуда ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудаааст.”

Тибқи иттилои манбаъ, Файзуллоев бо мақсади фош нагардидани ҷинояти содирнамудааш Порхуллоеваи 73-соларо бо роҳи фиреб нахуст муддате дар хонаи худ, баъдан дар хонаи шиносҳояш ва билохира ба қишлоқ ба хонаи падараш воқеъ дар вилояти Хатлон давоми панҷ моҳ пинҳон мекунад.

Оҷонсӣ меафзояд, ки зимни тафтишоти парвандаи ҷиноятии мазкур маълум гардидааст, ки Файзуллоев ҳангоми фаъолияти адвокатӣ ба истифода аз мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ва қаллобӣ ва сохтакорӣ намудани санадҳои Суди Олии Тоҷикистон ба боварии корафтодагон даромада, дар маҷмуъ дар 22 лаҳзаи ҷиноятҳои содирнамудааш аз онҳо ба маблағи 99350 доллари ИМА ва 12959 сомонӣ тасарруф намудааст.

Манбаъ мегӯяд, феълан алайҳи Файзуллоев бо иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ ва ғайриқонунӣ гирифтани кредит парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ин қазия дар ҳолест, ки 3 рӯз пеш Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ аз боздошти адвокат Тошмахмад Саторов хабар дод, ки аз корафтода Зайниддин Ҳусейнов 3 ҳазор дооллар гирифта, ваъда додааст, ҳуҷҷатҳои замин барои манзили истиқоматиро дуруст мекунад, аммо иҷро накардааст. Дар натиҷа Сатторов барои ду сол аз фаъолияти адвокатӣ маҳрум шуда, ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.

Қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ аз фаъолияти бархе адвокатҳо интиқод намуд, ки ба ҳайси миёнарав зимни додани пора баромад мекунанд: “Вазифаи адвокат аз ин гирифта ба вай додан нест. Вазифааш расондани ёрии ҳуқуқӣ аст. Тибқи қонуни нави мо дар бораи адвокатҳо шахсони дорои доғи судӣ ҳақ надорад, адвокат шавад.”

Ба иттилои Абдуфаттоҳи Ғоиб соли 2013 ҳудуди 17 ва соли 2014 даҳҳо ҳолати фасодкории адвокатҳо ба қайд гирифта шудаанд.


АКС: Ғасби хонаи кампир ва интиқоди А. Ғоиб аз бархе адвокатҳо

АКС: Ғасби хонаи кампир ва интиқоди А. Ғоиб аз бархе адвокатҳо

АКС: Ғасби хонаи кампир ва интиқоди А. Ғоиб аз бархе адвокатҳо

АКС: Ғасби хонаи кампир ва интиқоди А. Ғоиб аз бархе адвокатҳо
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)