Бахшҳо
24 янв 2015 13:31Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

0,18 га замин бар ивази “Лексус RХ 330”-и 26 ҳазор доллара (АКС)

Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ифшои ҳолатҳои қаллобӣ ва тасарруф намудани молу мулки ғайр дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дода, раванди ғайриқонунӣ хариду фурӯши замин дар кишварро нигаронкунанда хондааст.

Ин ниҳод мегӯяд, кормандонаш дар ноҳияи Рӯдакӣ Савзаъалӣ Маҷидов ва Баҳром Назаровро боздошт кардаанд, ки дар қаллобӣ ва фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам мешаванд. Гуфта мешавад, дуюмӣ директори ҶДММ “Масолеҳи ғайримаъданӣ” дар ноҳияи Рӯдакӣ будааст. Ба иттилои агнетӣ, Маҷидов ва Назаров ба боварии Чоршамбиев А.Р. даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани қитъаи замини назди ҳавлигӣ ба масоҳати 0,18 га як адад автомошинаи тамғаи “Лексус RХ 330”, ки 26 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад, гирифтаанду қитъаи заминро бидуни ҳуҷҷати зарурӣ дар ихтиёри ӯ гузоштаанд: “Оиди ҳолати мазкур нисбати Назаров Б.С. ва Маджидов С.Ҳ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба ҳабс гирифта шуданд.”

Оҷонси мубориза зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон афзудааст, дар пайи тафтиши кормандонаш муайян гардидааст, ин ду сокини кишвар дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 6 га қитъаи заминҳои ҳудуди ҶДММ “Масолеҳи ғайримаъданӣ”, ки корхонаи мазкур ба истеҳсоли қуму шағал машғул аст ва ҳамчун заминҳои истеҳсолӣ ба шумор мераванд, ғайриқонунӣ бе ягон ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ва бидуни қарори дахлдор доир ба ҷудо намудани қитъаи замин ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон ҷудо карда додаанд.


0,18 га замин бар ивази “Лексус RХ 330”-и 26 ҳазор доллара (АКС)

0,18 га замин бар ивази “Лексус RХ 330”-и 26 ҳазор доллара (АКС)

0,18 га замин бар ивази “Лексус RХ 330”-и 26 ҳазор доллара (АКС)
Мӯҳр
Тарозу
Агар ин корхоро аз аввал ва хамеша ба хотири риояти адолат мекардед, хама чохахоро корупсия фаро намегирифту фасоду ришва ба фарханг табдил намешуд, холо интихобот наздик шуд барои бо адолат нишон додани худ як чанд нафареро, ки бе маслихат пора гирифта ва таксим накардаанд бо болоихояшон барои реклама боздошт мекунед ва баъди як ду руз боз мебинед, ки гашта истодааст.

тоҷик
Аҷаб содаед як лексуси дигар ба бачаҳои агенти медодед ҳама ҳал мешуд))))

ИЛХОМИ
ииии ЗАМИНФУРУШИ ДАР ИН СОХА САХЛАНГКОРИ ХАМАРО ДИЛСАРД КАРДААСТ (БИЗНЕСИ ЗАМИН)

О нестай ягон кадрои ки лоики хамин хел кор бошанд. савзвли укропалию , таварали. Хайрон мешави боз аз ин хел порахуриву порагироя.хаму муалими мехнат шуда гаштагиш хуб нест магар.

Дар евон 2 раиси чамоаташа бо заминфуруши капидан бо сарш додан худаш мега кмбара додм неки кумитаи заминшам корш заминфурушияй то хато хочаги дехкониера бо рохи хариду фуруш метия якта пашашон пишшш намега!

Чаро Халиловро боздошт накарданд???
Чаро Хол Машрабовро боздошт накарданд? Бо бахонаи касали гаштааст. Бемор нест?.
Садхо корхонахои нохияи Рудаки Хазорхо гектар замини корамро фурухтанд ва нобуд карданд?
Чаро имруз инхоро касе намепурсад? Ё зури Очонси намерасад?
Фарзандони Машрабов Корхонахои саноатии нохияро валангор карда бекор хобондаанд?

abmom
Пеши ин корхоро гимифтан имкон надорад

Файзулло,
Тагабози балам! Даст дастро мешуяд!

рустамзода
Бародар Файзулло ба Хол Машрабов тавонед дар хакашон аввал ин ки дуо намоед. Баъдан агар хамин Машрабов дар замони раисияш яъне хамон вакт сотики заминро ба ивази 200 доллар намефурухт имруз мардуми камбагал сохиби хонаву дар шояд намешуданд.

хамадони
Дар чамоати мо ба наздики бояд замини назди хавлиги таксим кунанд яъне дар чамоати Чубек.Барои хар як замини назди хавлиги ба андозаи 0.6 га мебошад ки ба фармони президенти ЧТ чудо карда шудааст аз хар як хочатмандон ба арзиши 1500 то 2000 долари амрикои гирифтанд масулини чамоат.Кучоянд коркунони зидди фасод.

Хамин хабару гапхо кариб хар руз дар ВАО дарч мегардад, вале хеч не ки кор дар ин самт бех шавад, чунки система касалии гузаранда шудааст. То аз тарафи рохбари давлат дар ин масъала чанд кас руирост аз тарики симо чазо дода нашавад аз ин рох хеч рохи сихатшави дида намешавад.

вакил
Дар н Восеъ замин фуруши Модда шудаги хаст ана кори коорупция

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)