Муовини нахуствазири Тоҷикистон барои ҳамдардӣ ба Арабистони Саудӣ рафтааст
Азим Иброҳимов, муовини сарвазири Тоҷикистон бо Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд мулоқот кардааст.
Вохӯрии муовини сарвазири Тоҷикистон бо шоҳи нави ин кишвар рӯзи 25 январ дар Кохи ал-Ямома дар шаҳри Риёз баргузор шудааст. Расонаҳои саудӣ ҳадаф аз сафари Азимов ба Риёз ва мулоқоташ бо шоҳи навро баёни ҳамдардӣ дар робита ба вафоти Абдуллоҳ ибни Абдулазиз, шашумин шоҳи ин кишвар арзёбӣ кардаанд.
Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд, ки аз моҳи сентябри соли 2014 инҷониб дар беморхона бистарӣ буд, дар синни 90-солагӣ шаби 22 ба 23 январи соли равон дар синни 90-солагӣ аз олам даргузашт. Ба ҷои ӯ бародараш - Салмон ибни Абдулазизи 80-сола расман ба тахти шоҳӣ нишаста, амир Муқрин ибни Абдулазиз валиаҳд эълон шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |