Бахшҳо

Баҳси нафақаҳои “осмонӣ”-и Назаршоева, Ҳукумов ва як нафари дигар

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, афроди алоҳида дар кишвар тариқи сохтакорӣ нафақаҳои маъюбии калонҳаҷмро мегиранд.

Раиси Оҷонсии зидди фасод, аз ҷумла Наталя Назаршоева, роҳбари "Бонки рушди Тоҷикистон"-ро ном бурд, ки моҳе 17 ҳазор ва дар чор сол 718 ҳазор сомонӣ нафақа гирифтааст: “Ин ҷо боз Амонуллоҳ Ҳукуматулло ва боз як нафар корманди худи корхонаи роҳи оҳан, ки моҳе 1815 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирифтааст.”

Абдуфаттоҳи Ғоиб таъкид кард, нафақае, ки ин афрод мегирифтаанд, корӣ набуда, нафақаҳои маъюбиянд, ки бо роҳи сохтакорӣ ба даст овардаанд. Ӯ илова кард, ки соли гузашта 37 ҳазору 548 нафақагири маъюбро аз ташхс гузаронда, муайян кардаанд, ки аз ин миён 7 ҳазору 46 нафарашон комилан солиманд: “Гуруҳи маъюбии 3781 нафарашон тағйир дода шудааст, аз гуруҳи як ба ду ва аз гуруҳи ду ба се гузаронда шуданд. Инчунин ҳастанд, ҳолатҳое, ки ду ё се сол нафақаи одамони мурда низ партохта шудааст. Қатии ҳамон корманди бонк вай мекунаду нафақаро ба корт гузарондан мегиранд.”

Раиси Оҷонсӣ гуфт, буҷаи давлат аз ин сохтакориҳо беш 14 миллион сомонӣ зарар дидааст ва илова кард, ки санҷишҳо дар ин самт идома хоҳанд ёфт: “Дар ин миён мардум метавонанд норозигӣ кунанд, ки ана нафақаи моро манъ карданд, як ё ду моҳ боз нагирифтем. Ин дар ҳақиқат мешавад ва то санҷиш анҷом меёбад, ки мумкин то се моҳ ҳам гузарад. Хоҳиш мекунам, инро ба мардум дуруст фаҳмонед.”

Раиси Оҷонсӣ дар ин қазия комиссияҳои тиббӣ ва кормандони Фонди нафақаро айбдор гуфт, ки ин нафақаҳоро таъин кардаанд: “Баъди анҷоми тафтишот аввал онҳое, ки гуруҳи маъюбиро доданд ва дуюм он кормандони Фонди нафақа, ки маблағро таъин кардаанд, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.”
Мӯҳр
сафар
Агар ин масъаларо президент намегуфт, хаёташба Шерхон ба ин масъала дахл намекард. Ку мучозот?

Кариб панч сол шуд писарам маъюб асту нафака намегирад 1000 сомон зиед масраф кардем хеч не ки корамон буд шавад аз кудаки полеомилит аст
Як духтури минтакави дорем назарова мегуи аз падараш ин духтурхона мерос монда бошад гап мезани мегуи ба девор гуфти намегуям ки гуфтам садулоев абдулло 82 микрорайон ей духтурон аз барои худо каме ехтироми худоро ба чо биоред акалан !

Ба Сафар
сафар, Ин масалаъро президент кайхо медонист! Собик визири шугли ахоли Мамадаминов доири масалаъро гузориш дода буд. Аммо касе вокуниш нишон надод, корро чи хеле мегуянд "хобонданд", чунки бисёр баландмакомон худ нафакаи чандхазорсомонаи "маъюби" мегирифтанд ва гирифта истодаанд. Ин як "спектакли" навбатист на беш. Кани журналистон як тадикикоти мустакил гузаронанд, хакикатро руи об бароранд! Инчо миллионхо талаву тороч шудаги. Аз собик раиси шуро Хайруллоев сар карда 100хо нафар дар ШО, дастгохи президент ва вазоратхо суми аз захмати халк чам кардаро, ризки кудакони маъюб, пирон ва дармондагонро чанд солхост, ки хурда истодаанд, бе чазо.

Номус
Эээээ қанл занед, Ҳукумов! Ҳамин қадар ҷам кардед, чашматон сер нашуд?

беном
Хама и инвалид боша багайр аз маош даромади муфт Боз аз бючет хар мох 1800 мегирад болот писаронаш гунох мекунанд аз чабр Дида маблаг мегиранд дар вакти гирифтан хама хап пасон руй меоранд чиноятро суми бючетро ки чавоб медихад?

Хайронмонда
Кампиреро медонам, ки нух фарзанд дорад ва аз ин се писараш хизмати харби адо кардаанд ва чор фарзандаш маълумоти оли доранд ва дар Ватан кору фаъолият мекунанд ва хулоса фарзандонашро дуруст тарбия кардааст, аммо чор сол боз хамаги дар як мох 70 сомони нафака мегирад. Намешавад, ба нафакагироне, ки оилаи солим ва фарзандони комил ба камол расондаанд, нафакаашон зиедтар бошад. Агарчи шароит доранд, вале пули нафака барои чунин шахсон ширин аст!

Ато
Офарин раис!!! Мешудааст ку.вале афсус на хама вазиру раис мисли Абдуфатохи Г худотарс мебошанд.Худо мададгоратон раис анамин хел чомеаро аз бетавфикон беномусон ки ба риски пирони барчомонда ятимони зори як бурда нон ва маьюбони аз дасти такдир дар бистар монда...мезананд тоза кунед ва ин кори хайрро то водии Рашт бурда расонед.чунки ончо хам онхое ки пули бедарди миен мегиранд бисеранд

бемор
Хукумов дар асл маъюбаст. Вай бечораро аз ин нафака махрум насозед, ки зиндагонияш вазнин мешавад.

X L
Асланки ту Назаршоева бевичдон будаи. Аммо агар зарае вичдон доштабоши он сузад. Оё боре андешидаи, ки маоши кормандони боки шумо чанд рузи озукавории аёли онхоро кифоякунанда аст. Вакте, ки дар креслои чармину барохати утокат ва ё сари чанбараки автомобил менишасти дар хотират намеомад, ки чои дигар низ хаст, ки онро махбас мегуянд ва як низоми хеле сангин дорад. Акнун дон, ки хакикат доим дунболагири зулмот аст ва дар нихоят он галаба мекунад. Имруз ин хамон хакикат аст, ки галаба аз болои зулмот кардааст. Ман аз ин хушнуд не балки дилам ба ту месузад, ки имрузатро дируз наандешидаи!!!

Очонси зиди фасоду пора, харакат ба суи пенсионеро гардонд. ПРОГРЕСС!
э молодес!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)