Бахшҳо

Қадрдонии 115 шаҳрванд барои таъмини амнияти Президент (АКС)

Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сардори давлат ва меҳмонони олиқадр бо баргузории як ҷаласа аҳолиро ба ҳамкории бештар даъват кардааст.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, зимни ҷаласа, ки бо иштироки кормандони ғайриштатии ин ниҳод доир шудааст, полковники милиса Ҳомидов Б, фармондеҳи Воҳиди махсус бо зикри паёми раисиҷумҳур, таъкид намудааст, ҳар шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Зимни мулоқот қайд шудааст, ки “ба хотири суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.”

Раҳбарияти Воҳиди махсус афзудааст, феълан 115 ихтиёриӣ ҳамчун корманди ғайриштатӣ мунтаззам дар таъмин намудани бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сардори давлат ва меҳмонони олиқадр фаъолона ҳамкорӣ менамоянд: “Аксарияти онҳо дар ҷойи кор ҳам фаъолияти босамар ва интизоми намунавӣ дошта, дар байни ҷомеа сазовори эҳтиром мебошанд.”

Манбаъ мегӯяд, дар анҷоми вохурӣ барои ҳамкории фаъолона 25 корманди ғайриштатӣ бо телефонҳои ҳамроҳи дусимкартадор, 4 корманди ғайриштатӣ бо соатҳои дастӣ ва 10 нафари дигар бо Ифтихорномаи ВКД қадр шудаанд.


Қадрдонии 115 шаҳрванд барои таъмини амнияти Президент (АКС)

Қадрдонии 115 шаҳрванд барои таъмини амнияти Президент (АКС)

Қадрдонии 115 шаҳрванд барои таъмини амнияти Президент (АКС)

Қадрдонии 115 шаҳрванд барои таъмини амнияти Президент (АКС)

Қадрдонии 115 шаҳрванд барои таъмини амнияти Президент (АКС)

Қадрдонии 115 шаҳрванд барои таъмини амнияти Президент (АКС)
Мӯҳр
товус
О инхо кгбхои вазорати дохила аз инхо барои халалдор кардани чаласаи мисли чаласахои ХСДТ истифода мекунанд, баъд мегуянд ки инхо мардуми одди, вагарна ана хамин ба ном гайриштатихи хатанд ки проблема мекунанд, баракс вазъро халалдор мекунанд ва аммо гайриштати нестанд аз хама зиёдпули мегиранд.

Бобак
Хубтар мешуд ки бештар инсофу адлу Худотарсиро дар байни кормандонашон ташвик мекрдан, ин кормандон асосан ба мардуми бечора бемаврид онхоро манъ намуда бо лахчаи ба худашон хос дар маркази шахри Душанбе сухан карда хар гунохи набударо бор мекунанд, чаро ки агар инкорро накунан яктини сиех кор карда наметонанд. Чаро ки мучримхои асоси бо мошинхои киммат онхоро писанд намекунанд. ва зури инхо ба онхо намерасад. Душанбеи азизро ба кишлоке ки ягон назм нест оварда расондаанд. Агар гапам хакк набошад якбор баромада дар кучаи рудаки ним соат истед Худи корманди шумо дар пеши пединститут истода аллакай як полосаро банд карда ба характи рох халал меоварад. Хуб дуруст аст ки онхо танхо барои президенту дигар кормандоне ки аз хисоби бючет катаги мекунанд хизмат мекунанд на мардуи асоси ки гуе иродаи он мардум дар ин чо амали мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)