Бахшҳо

(САДО) Раҳматзода дар бораи лағви барвақтии "лимит" ва омори "дурӯғ" ба Президент

Рустам Раҳматзода, раиси “Барқи тоҷик” мегӯяд, изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъминоти 12-соатаи аҳолии деҳоти кишвар бо барқ воқеӣ мебошад.

“Озодагон” дар пасманзари шикояти сокинони навоҳии Тоҷикистон, ки мегӯянд, дар як шабонарӯз аз 7 то 10 соат барқ мегиранд, аз раиси “Барқи тоҷик” суол кард, ба раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи 12 соат таъмин будани аҳолии кишвар бо барқ, кӣ иттилоъ пешниҳод кардааст?

Раҳматзода изҳор дошт, ин иттилоъро “Барқи тоҷик” пешниҳод кардааст ва он дурӯғ нест: “Мо ба Президент дар мавриди он, ки мардум 12 соат барқ мегиранд, иттилои дуруст пешниҳод кардем. Қаблан воқеан камбудиҳо буданд ва бархе навоҳӣ камтар аз 12 соат барқ мегирафтанд. Ҳозир онро ислоҳ кардаем. Бовар накунед, равед дар деҳот бинед, ки мардум аз 12 соат кам барқ намегиранд.”



Масъулини “Барқи тоҷик” аз сокинон даъват намуданд, дар сурати риоя нашудани меъёри 12-соата ба телефони боварии ин ширкат занг зананд ва ин камбудӣ фавран ислоҳ хоҳад шуд. Раиси "Барқи тоҷик" инчунин ваъда дод, ки имсол лимитро нисбат ба соли пешӣ барвақттар лағв мекунанд, чун сатҳи оби дарё ва захираҳо нисбатан зиёд мебошад. Ӯ таъкид кард, ки агар обуҳаво мусоид ояд, маҳдудияти барқро аввали моҳи март лағв хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23-юми январ дар паёми солонааш ба парлумон норасоии барқро мушкили рақами 1-и кишвар арзёбӣ намуд. Ӯ бо зикри талошҳои ҳукумат барои таъмини мардум бо барқ изҳор дошт, сатҳи таъминот бо барқ беҳтар шудааст: “Таъминот бо барқ каме ҳам бошад, беҳтар шудааст. Агар 10 соли пеш аз 2 то 4 соат барқ мегирифтанд, ҳозир мардум беш аз 12 соат барқ мегирад. Инчунин тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои маъмурӣ бо барқ таъминанд.”

Ин таъкидот дар ҳолест, ки бисёри сокинони навоҳии кишвар ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ҳанӯз ҳам дар як шабонарӯз, камтар аз 10 соат барқ мегиранд.
Мӯҳр
12 соат дуруг мегуяд.Дар чамоати Кирови н.Вахш чор соат сахар ва чор соат бегох барк медиханду халос!як чахон ташаккур.

сокини торикистон
дар деҳоти ноҳияи панҷакент ҳам 8 соат дар шабонаруз медиҳанд. Ин иддаои раиси барқи тоҷик дуруг аст.

Парво накунед пеш аз интихобот свет хатман мешавад.Шумо овозхоятонро аз хама мухимаш ба ХХДТ дихед свет мешавад.

Доно
Дар нохияи Абдурахмони Чоми низ дехот аз 8 соат зиёд баркро намебинад. Ба ки бовар кунем?

Сухроб
Раиси барки точик аз поколенияи дуругуйхое будааст, ки ошкоро дуруг мегуяд, Наход у чунин фикр кунад, ки замон замони дуругу качкорист, вокеан хам нагло дуруг гуфт

Коля
Доно,
Ба ҳхдт овоз медиҳӣ ё ба дигар, аздусар ҲХДТ "пируз" мегардад, албатта агар дунё ба охир нарасад. Комилан бовар дорам.

хамин раисои хозиразамон ба фикрум дар хакикат ягон информатсияи реали надоран. як руз эшмат чи гуя хамун аст, дувум руз тошмат чи гуя хамура боз гап мезана. нест ягон гапи росту факти далел.

sarob
ин раис аз бебаркии кулл дар панчакенту айни бехабар аст??

ораш
инхо дехот гуфта факат дангарара дар назар доранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)