Бунёди “Чойхонаи миллӣ” дар Хуҷанд аз ҳисоби соҳибкорон
Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд то ҷашни байналмилалии Наврӯз “Чойхонаи миллӣ” бо тарҳу усули замонавӣ бунёд хоҳад шуд.
Мақомот мегӯянд, ин чойхона, ки аз ҳисоби соҳибкорон ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд мешавад, дар шафати Қасри ҷавони ба номи Лоиқ Шералӣ қомат хоҳад афрохт. Инчунин бар асоси нақшаи шаҳрдории Хуҷанд, то ҷашни Наврӯз дар чаҳор маҳаллаи ин шаҳр чойхонаҳои нав бунёд шуда, чойхонаҳои мавҷуда таъмиру бозсозӣ хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки масъулин Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, маросими ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ имсол дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |