Бахшҳо
27 янв 2015 16:25Тоҷикистон / Акс / Тема дня

АКС: Турсунов дар бораи фасодкории раҳбарияти “Саховат” ва раисони дигар

Шодком Турсунов, масъули Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон яке аз омилони асосии рушди корруписяро дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда хондааст.

Турсунов дар мулоқот бо масъулини ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ изҳор доштааст, ки омӯзиш ва таҳлилҳо нишон доданд, ки яке аз сабабҳои мусоидаткунанда ба ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар сатҳи паст қарор доштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва ҳисси пасти масъулиятнокии бархе аз масъулин ва надонистани қонунгузории ҷорӣ оид ба муқовимат бо коррупсия мебошад: “Омили дигари ба содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ин дар сатҳи кофӣ ба роҳ намондани назорати дохилиидоравӣ аз болои зердастон мебошад.”

Масъули Оҷонсӣ бо такя ба таҳлилҳо изҳор доштааст, ки бархе рохбарони корхонаву ташкилот худ даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ задаанд: “Аз ҷумла директори КВД «Бозори Саховат» Абдуллоев Б.Қ., бо истифода аз мақоми хизматии худ аз директори ҶДММ «Ҷамил» Салимов Д.Н., маблағи 100.000 сомонӣ гирифта, онро тасарруф намудааст. Ҳамчунин сардори шӯъбаи савдо ва захираи КВД «Бозори Саховат» Комилов М.М., барои хариди молу маҳсулот ва сафари хизматӣ аз хазинаи корхона маблаги 21 455 сомонӣ гирифта онро азонихуд кардааст. Муҳосиб-назоратчии КВД «Нақлиётҳои махсус оид ба кашонидани партовҳои сахти маишӣ» -и н.Фирдавсӣ Давлатов М., бо истифода аз ваколати мансабдорӣ, 5590 сомонӣ маблағҳои давлатиро азонихуд намудааст.”

Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, дар соли 2014 аз ҷониби кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи Мақомоти иҷроияи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 18 ҷинояти коррупсионӣ содир карда шудааст, ки аз 12 ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, 3 ҷинояти қаллобӣ, 1 ҷинояти ришвадиҳии тиҷоратӣ, 1 ҷинояти гирифтани пора ва 1 ҳолати дигар намуди ҷиноятҳо мебошад.


АКС: Турсунов дар бораи фасодкории раҳбарияти  “Саховат” ва раисони дигар

АКС: Турсунов дар бораи фасодкории раҳбарияти  “Саховат” ва раисони дигар

АКС: Турсунов дар бораи фасодкории раҳбарияти  “Саховат” ва раисони дигар

АКС: Турсунов дар бораи фасодкории раҳбарияти  “Саховат” ва раисони дигар
Мӯҳр
Ахсан Бародар Бар Шумо Чиноятро бояд Решакан кнен.Ободи Давлат Аз Шумо Вобаста Хаст

муосир
ташакур ба Агентии коррупсия

Сорбон
Фактои кухнаро додаст ин коррупсия. Холо директори Саховат дигар кас аст ку. Инаш аз гузаштагиш гузарондагй. Чанобони коррупсия хамиинро бинед.

Шодком Турсунов дар хакикат шахси донишманд буда, бо дониши худаш ба факултаи хукукшиносии ДМТ дохилшуда ва онро бомуваффакият хатм намудааст. Бо дасту дили нияти пок кор мекунад. Дар дехот тарбия гирифта, дорои одобу ахлоки хамида мебошад. Рахматии падараш устод Турсунов Худоймурод омузгори фанни таърихи мактаби миёнаи дехаи Мадми нохияи Айни буданд. Як шахси халиму мехнати буданд. Бо дастхои худ чанд чойро богистон карданд.
Дар чомеаи мо хамин хел мутахассисон мисли Шодком шахсони ошкор баён лозиманд, то ба мукобили чиноятхои иктисоди ва ришвагири, ки яке аз масъалахои доги руз мебошад, мубориза баранд.
Ба ту барори кор мехохам. Боки саломат бошед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)