Боздошти корманди Прокуратура барои талаби 21 000 $ аз ҳамсоя

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти мутахассиси шӯъбаи кадрҳои Прокуратураи шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар сӯиистифода аз мақоми хизматӣ ва худсарона ишғол намудани замин муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод Ҷамолиддин Рустамов, зимни фаъолияти хизматии хеш моҳи июли соли 2014 аз шаҳрванд Неъмонов Д. барои 0,07 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди корхонаи «Мармар» 21 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст: “Рустамов баъди гирифтани 10 000 доллари амриқоӣ ба Неъмонов дар ҳудуди корхонаи «Мармар» -и ноҳияи Рӯдакӣ 0,07 га қитъаи замин дода, таъкид кардааст, ки дар ин қитъаи замин сохтумонро оғоз намояд.”
Ӯ ваъда додааст, ки баъди анҷом додани сохтумон ва гирифтани маблағи боқимонда 11 000 доллари амрикоӣ ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба Нуъмонов медиҳад: “Ғайр аз ин Рустамов аз заминҳои ҶСШК-и «Мармар» барои худ низ 0,04 га қитъаи замин гирифта, худсарона манзили истиқоматӣ сохтааст.”
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, феълан корманди додситонӣ боздошт шуда, алайҳи ӯ аз рӯи иттиҳоми қаллобӣ, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва худсарона ишғол намудани қитъаи замин парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |