Номаи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи нави Арабистони Саудӣ
Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як барқияи табрикӣ унвонии Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ӯро барои ба тахти подшоҳии Арабистони Саудӣ нишастанаш шодбош гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур дар ин номаи табрикӣ аз ҷумла омадааст, “мояи сарфарозии инҷониб аст, ки ба муносибати байъат ба Шумо ба ҳайси Подшоҳи Арабистони Саудӣ табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтарини худро арз намоям. Аз даргоҳи Худованди мутаол хоҳони онам, ки Шуморо дар хидмати Ҳарамайни Шарифайнаш муваффақ намояд, қадамҳои Шуморо дар ҷодаи роҳбарӣ ба мардуми бародари Шоҳигарӣ ҷиҳати дастёбӣ ба пешрафту шукуфоии бештари кишвар, ҳаллу фасли пирӯзмандонаи масоили Уммати исломӣ ва орзуҳову ормонҳои он устувор гардонад”.
Дар идомаи табрикот Эмомалӣ Раҳмон ба робитаҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ таъкид доштааст: “Рағбати содиқонаи хешро ҷиҳати идомаи раванди ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шумо дар амри таҳкими робитаҳои дӯстиву рафоқат, ки муҷиби хайру баракат барои мардумони бародари мо бошанд, изҳор менамоям”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |