Бахшҳо

Тоҷикон дар куштори Толмачев муттаҳам мешаванд

Вазорати умури дохилӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти федеролии амнияти Русия аз боздошти муттаҳамон дар куштори Олег Толмачев, сардори хадамоти нозирони минтақавии ШКД-и ноҳияи Ново-Пределкино хабар доданд.

Ба иттилои мақомоти рус дар куштори Толмачев, ки 3-юми июни соли 2014 дар ғарби Маскав 10 тир хӯрдааст, шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.
Яке аз муттаҳамон дар ин куштор Қодиров арзёбӣ мешавад, ки моҳи ноябри соли гузашта дар доираи амалиёт алйҳи “Бандаи ГТА” боздошт шуда буд: “Ду дастандаркори дигари ин куштор бо дархости мақомоти рус дар Тоҷикистон боздошт шудаанд. Боздоштшудагон Каримов ва Ғуломов, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.”

Олег Толмачев, бегоҳи 3-юми июн зимни бозгашташ аз хонаи маъшуқа ба хонаи худ бо 10 тир кушта шуда буд. Қотилон аз ҷои ҳодиса бо ду мошин фирор кардаанд ва қаблан мақомоти Русия соҳибони ин ду мошин, сокинони Калуга ва Тамбовро ба иттиҳоми ин куштор дар пайгарди қонунӣ эълон карда буданд.

Аммо феълан куштори ин маъмури пулис низ ба дӯши афроде вогузошта шудааст, ки дар узвият ба “Бандаи ГТА” муттаҳам мешаванд. Абдумуқим Мамадҷонов, яке аз шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки моҳи ноябри соли гузашта ба иттиҳоми узвият дар ин гуруҳ боздошт шуда буд. Ин гуруҳ дар қасди амалҳои террористӣ ва дастикам 14 куштор дар шоҳроҳи “Дон” муттаҳам мешуданд. Мақомоти рус эълон карда буданд, ки аксари аъзои ин гурӯҳ зодагони Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон буда, роҳбари аслии он ба Тоҷикистон фирор кардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)