Узбакистонро кишвари ноозод гуфтанд
Узбакистон дар гузориши нави Хонаи озодӣ дар сафи кишварҳои ноозод қарор гирифтааст.
Ин кишвар дар соли 2014 барои риояи ҳуқуқи сиёсӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ баҳои “7” гирифтааст, ки поин будани мизони озодӣ дар ин кишварро нишон медиҳад. Дар ин раддабандӣ 195 кишвар ҷой дода шудааст, ки аз миёни онҳо 89 ҷумҳурӣ озод, 55 кишвар нимаозод ва 51 давлати дигар ноозод эълом шудаанд.
Хонаи озодӣ Узбакистонро дар тӯли солҳои ахир дар сафи кишварҳое, ки озодиҳои шаҳрвандонро шаддидан нақз мекунанд, ҷой медиҳад. Дар қатори Узбакистон кишварҳое монанди Чин, Туркманистон, Белорус, Арабистони Саудӣ, Судон, Сомалӣ, Чад, Судони ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ҳам ноозод эълом шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |