Бахшҳо

Прокурор Пираков: Ёқуб Салим як сол пас озод мешавад (ВИДЕО)

Дар пасманзари овозаҳо дар бораи раҳоии Ёқуб Салим, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон аз зиндон Додситонии генералии Тоҷикистон эълон кард, ки то анҷоми муҳлати ҷазои Ёқуб Салим ҳудуди 1 соли дигар мондааст.

Ин нукта имрӯз, 30-юми январ зимни нишасти матбуотии Додситонии генералӣ, дар ҳузури сардори нави ин ниҳод Юсуф Раҳмонов таъкид шуд. Раҷабалӣ Пираков, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонун дар муассисаҳои ислоҳӣ гуфт, Ёқуб Салим феълан дар муассиси тафтишотии Вазорати адлия адои ҷазо дорад: “То анҷоми муҳлати ҷазояш қариб як сол мондааст. Бо адо намудани муҳлати ҷазо аз боздошт озод мешавад.”

ВИДЕОИ суҳбати Пираков дар бораи Ёқуб Салим

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ёқуб Салимовро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум карда буд. Нисбати ӯ ду бор қонуни афв татбиқ шуда, муҳлати ҷазояш кам карда шуд.

Ӯ моҳи июни соли 2014 бо ирсоли як нома ба Додситонии генералӣ ва Суди Олӣ зикр карда буд, ки то анҷоми муҳлати ҷазояш ҳудуди 1 солу 8 моҳи дигар мондааст ва дархост намуда буд, ки ӯро шартан пеш аз муҳлат раҳо кунанд,чун вазъи саломатияш хуб нест.

Аммо Рустам Шохмурод, вазири адлияи Тоҷикистон 21-уми январи соли равон зимни нишасти матбуотияш дар посух ба суоли “Озодагон” дар мавриди вазъи сиҳатии Ёқуб Салимов гуфт, “рости гап, дар бораи вазъи саломатии Ёкуб Салимов ягон маротиба напурсидам. Дархосташ барои шартан озод кардан дар салоҳияти мо нест”.

Инчунин Нусратулло Абдулло, раиси Суди олии Тоҷикистон, низ дар нишасти хабарияш гуфт, аз собиқ вазири умури дохилӣ барои бозбинии ҳукмаш дархостеро дарёфт накардаанд. Раиси Суди олӣ 12 январ афзуд, дар сурати пешниҳод шудани чунин дархост ҳатман онро баррасӣ мекарданд. Дар мавриди афви Ёқуб Салимов бошад, гуфт, ки ин масъала дар салоҳияти Комиссияи махсус оид ба афв аст, ки кормандони ниҳодҳои дигар, аз ҷумла додситониро дар бар мегирад.
Мӯҳр
рне
агар накушетон мебуродх чанобон

Условно-досрочное освобождение - озодии машрут. "Шартан пеш аз мухлат озод кардан" тарчумаи тахтуллафзии истилохи русист. Вакте ба касе озодии машрутро эъто мекунанд, ин ба он маъност, ки он нафар пеш аз поёни давраи махкумият берун аз зиндон мешавад.
"...ва дархост намуда буд, ки ӯро шартан пеш аз муҳлат раҳо кунанд,чун вазъи саломатияш хуб нест."-ро мешавад "...ва дархост намуда буд, ки ӯро машрут раҳо (озод) кунанд, чун вазъи саломатияш хуб нест." гуфт.

Пираков мухлати бокимондаи чазои Ёкубро зиёда аз як сол мегуяду Озоди бошад камтар аз як сол менависад. Кадомаш сахех бошад? Видеоро як бор гуш кунед ва пас матни худро тафтиш намоед. Дуруст гуфтам?

Аналитик
Ҳаргиз бовар надорам, ки ӯро зинда гузоранд

канешна зинда намеброран шери нара

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)