Бахшҳо

Ганҷалзода-номзади Президент ба курсии вазирӣ

Шералӣ Ганҷалзода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба симмати вазири нақлиёти кишвар пешбарӣ шудааст.

Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” ин нукта охири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон гузашт, таъкид гардида, дар пайи ҷаласа раисиҷумҳур Ганҷалзодаро ба ҳузур пазируфтааст.

Интизор меравад, Ганҷалзода дар симмати вазири нақлиёт Хайрулло Асозодаро иваз намояд. Асозода аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба курсии вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Файзобод пешбарӣ шудааст. Аммо гарчанде то интихоботи парлумонӣ камтар аз 1 моҳ мондааст, расман фармони барканории Асозода ва таъиноти Ганҷалзода нашр нашудааст.

ҲОЛНОМА. Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон 15 январи соли 1965 дар деҳаи Пехои ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Аз соли 1971 то соли 1981 дар мактабҳои таҳсилоти №21 ва №14-и ин ноҳия таҳсил намудааст.

Соли 1986 факултаи "Автомобил ва роҳҳо"-и Институти политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро аз моҳи сентябри соли 1986 ба ҳайси муҳандиси шӯъбаи кофтуковӣ-лоиҳакашии роҳҳои автомобилгарди Институти Лоиҳакашии "Тоҷикгипротранстрой"-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, то моҳи октябри соли 1988 дар ҳамин корхона кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 1988 то соли 1990 сардори гурӯҳи сметавию лоиҳакашии идораи истеҳсоли роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон, солҳои 1990-1993 сардори шӯъбаи истеҳсолии ҳамин идора, солҳои 1994-1995 ҷонишини сардори Трести "Хатлонроҳсоз", солҳои 1995-2003 сардори калонаи автомобилӣ ва ҷонишини директори генералии Иттиҳодияи истеҳсоли "Хатлонроҳ" ифои вазифа намудааст. Солҳои 2003-2006 сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, солҳои 2006-2009 роҳбари Кооперативи истеҳсолии "Роҳсози"-и шаҳри Душанбе, аз моҳи сентябр то моҳи декабри соли 2009 дар вазифаи муовини сардори Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе, аз 11 декабри соли 2009 то 06марти соли 2013с. ҳамчун муовини якуми Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ифои вазифа намуда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №117 аз 07.03.2013с. ба вазифаи муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Аз моҳи декабри соли 2013 то ҳол дар вазифаи Муовини якуми Вазири нақлиёт мебошад.

Аз соли 2000-ум аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон буда, 12 марти соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии №27-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Сино интихоб гардидааст.
Мӯҳр
Яъкуб. Душанбешахр.
Боз аз Дангара. Кай модарони дигар шахру нохияхо кадр таввалуд мекарда бошанд. Муттахид бошед мегуянду мардумро лек вазифа факат барои як махал....

Анвар
Хай аз Дангара, ки бошад албатта вазир мешавад. Холо кариб 70% вазирону раисон аз Дангара мебошанд. Дар дигар нохияхо кадр нест.

Шахси арзанда ва рохбари окил мебошад. Сазовори хамин вазифа мебошад,барои ободии кишвар хизмат мекунад.

чинди
одами "худи" будасст.

Истиклол
Ганчалзода бехтарин инсонаст, шахси хоксору замини, коргари бехтарин мебошад, сохаи худро хамчун панч панча медонад.Агар Вазир шавад, хеле корхоро дар сохаи наклиёт пеш мебарад.

шахси арзандааст ба ин вазифа, бехтарин интихоби президент ман тарафдор.

Шахрванд
Хеле кадри арзанда барои Вазорати Наклиет. Чавон ва мехнатдуст аст Ганчалзода. Гуфти бародарони шархнавис дар хакикат арзанда аст. Фаъолияти Вазорати Наклиет иншоаллох хеле хуб ба рох монда мешавад. Ман таърифашон намекунам, бигзор вакт барои мо нишон дихад. Факаи барои Ганчалзода муваффакияту бурдборихо орзумандам. Агар таъин шаванд МУБОРАКАШОН БОШАД.

Арзандатарин номзад. Шерали Рахмонов инсондуст аст.

хамаи инхо аз дангара , чи дигар махал кадр надоранд?инхоро бехтараш дар районашон вазифа дихед минтакаи худашонро обод кунанд,

Бачабек
Факат модари дангара кадр таваллуд мекунад.

Шахси бехтарин,хам аз чихати касби (хирфаи),ва хам аз чихати одамгари. Акнун обуруи вазоратхам як андоза баландар мешавад.

Шерали Рахмон дар хакикат кадри арзандааст фарк нест бародархо аз кучо ва аз кадом махал бошад.Асозода умуман аз ин соха набуд,ва яке омилхои асосии вайрону валангор намудани мачмааи наклиёти дар муддати 1-сол махз ана хамин чиз мебошад.Шумо як бор хонед баъд комент нависед бубинед,ки аз коргари катори то ин вазифа омадааст.Марди покдил ватандуст,махалчигиро хуш надорад.

Арий
ин санахои бардуругро аз кучо ёфтед, эй бародарон, дар синни 6-солагиаш мактаб рафтааст, хол он ки замони шурави аз 8-солаги буд. Ин мардум аз хамон вакт черезро хуб медонистаанд, чунонки ба 40 дона тухми обчуш дафтарчаи мехнати мегирифтанду дар шашсолаги мактаб мерафтаанд ва дар 21 солаги донишгохи техникиро хатм кардааст. Э боре намесанчед ки чи маълумот медихед, ин дуругу найранг нест магар?

Ҳақиқати асл ин ҷост, дигар ҳеч!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон 15 январи соли 1965 дар деҳаи Пехои ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.Яъкуб. Душанбешахр.,

м
[b]сорбон[ Фарк нест гуеду мондан гиред..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)