Бахшҳо
02 фев 2015 12:45Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Маҳкумияти бародар ва наздикони “Устод Муродулло”

Додситонии Русия имрӯз, 2 феврал бо нашри як иттилоия аз маҳкумияти бародар ва наздикони Алимурод Маханов, маъруф бо лақаби “Устод Муродулло” дар вилояти Хабаровск хабар дод.

Ба иттилои манбаъ сар аз имрӯз ҳукми додгоҳ алайҳи се шаҳрванди Тоҷикистон -- Абдукарим Сатторов, Маҳмадсолеҳ Маханов ва Алишер Давлатов ҳукми қонунӣ гирифт. Тибқи қарори додгоҳи Хабаровск, ки ахиран Додгоҳи олии Русия низ онро бетағйир гузошт, Абдукарим Сатторов ба 4 солу 2 моҳ, Маҳсмадсолеҳ Маханов ва Алишер Давлатов ба 4 солу се моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуданд. Ба иттилои додситонии Русия исбот шудааст, ки маҳкумшудаҳо узви Ҳизби исломии Туркистон буда, дар марказҳои махсуси Покистон таълим гирифтанд: “Тафтишот муайян кард, ки онҳо дар Хабаровск ба ҷалби ҷавонони дигар ба созмону ҳаракатҳои террористӣ машғул шуда, онҳоро ба марказҳои махсуси террористӣ равон мекардаанд.”

Маҳмадсолеҳ Маханов бародари Алимурод Маханов, бо лақаби “Устод Муродулло” мебошад, ки бо чанд тан аз ҳамроҳонаш дар остонаи интихоботи президентии 6 ноябри соли гузашта боздошт шуданд. Худи Алимурод Маханов дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо таркондани баъзе аз иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва “шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон” буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафараеро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст.

Аммо зимни мурофиаи судӣ ин гуфтаҳояшро рад карда, изҳор дошт, ки тамоми айбҳоро таҳти фишор ба дӯш гирифт. Бо вуҷуд Додгоҳи Олии Тоҷикистон Алимурод Махановро ба 21,5 сол маҳкум кард. Наздикони Маханов ин ҳукми додгоҳро ноодилона арзёбӣ карда буданд.


АКС: Маҳкумияти бародар ва наздикони “Устод Муродулло”

АКС: Маҳкумияти бародар ва наздикони “Устод Муродулло”

АКС: Маҳкумияти бародар ва наздикони “Устод Муродулло”

АКС: Маҳкумияти бародар ва наздикони “Устод Муродулло”

АКС: Маҳкумияти бародар ва наздикони “Устод Муродулло”
Мӯҳр
Яъкуб. Душанбешахр.
Судяхои мо то чи хад ... шудаанд. Бинед , ки дар Руссия хамрохони инхо 4 соли хукм гирифтанду инхо дар Точикистон 21.5сол

патриот
Ин хам барои онхо кам аст.... Бояд хамаи онхоро аз неш нест кард.

Инхо мусалмон нестанд агар мусалмон мешиданд хиёнат ба ватан намекарданд як давлати оромро ноором мекарданд Рахмат ба вазорати МВД ва КГБ ки чунин палидхоро дасгир карданд аз Судяхо хафаем ки чунин палидхоро хукми кам додаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)