Бахшҳо
22 янв 2015 08:33Ҳуқуқи инсон

Бераҳмӣ... Мӯи сари Шабнамро кӣ тарошид?

Ганҷинаи ГАНҶ

Мижгона Латипова, як сокини 25-солаи Ёвон ба рабудан, латтукӯби бераҳмона ва ҳатто тарошидани мӯи сар ва абрӯвони дугонааш "аз рӯи хусумати шахсӣ" айбдор мешавад.

Вақте овоза шуд, ки Шабнам гум шудааст, касе гумон намекард, ӯро шиноси худаш латту кӯб кардаву мӯи сару абрӯвонашро тарошидааст ва ду рӯз зиндонӣ ҳам кардааст. Шабнами раҳошуда ҳоло дар бемористон аст ва аз сӯҳбат бо хабарнигорон сарпечӣ мекунад. Ҳарчанд ҷароҳаташ сангин нест, ӯ, ба гуфтаи табибон, зарбаи равонӣ дидааст, вале рӯзҳои наздик ба хона хоҳад баргашт. Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, воқеъ дар тақрибан 60-километрии ҷануби Душанбе, Шабнам Юсуфоваи 25-соларо пас аз ду рӯз аз асорат аз манзили Гулдаста Саидова пайдо карданд. Онҳо мегӯянд, ӯро рӯзи 16-уми январ Мижгона Латиповаи 25-сола, сокини дигари ноҳияи Ёвон, "аз рӯи хусумати шахсӣ ба манзили худ бурда, шадидан латту кӯб кардааст ва сипас мӯи сару абрӯвонашро тарошидааст."

Гулрухсор Саидова, раиси Кумитаи кор бо занони ноҳияи Ёвон, рӯзи 21 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ҳамаи ҷузъиёти ин воқеа рӯшан нашудааст ва тафтиш идома дорад. Аммо ӯ хабари расонаҳоро, ки гӯё Мижгона бинӣ ва лабони Шабнамро низ бурида бошад, рад кард. Хонум Саидова аммо эътироф кард, ки мӯйи сару абрӯвони ин зани ҷавонро тарошидаанд.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, сокини ноҳияи Ёвон Шабнам Юсуфова дар пайи як амалиёти махсус рӯзи 18-уми январ аз асорати ду зан озод карда шуд. Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ШКД-и ноҳия Ёвон бидуни овардани номаш ба Озодӣ гуфт, Мижгона Латипова сабаби шиканҷа кардани Шабнамро ин гуна шарҳ додааст, ки гӯё Шабнам 100 сомонии Мижгонаро дуздидааст. "Бо ин далел, Мижгона ба хулосае меояд, ки бояд Шабнамро ҷазо диҳад. Вай аввал ӯро ба манзили худ оварда, баъд аз латту кӯбу таҳқир кардааст. Сипас, тасмим гирифтааст, қурбонияшро дар манзили дугонааш Гулдаста Саидова пинҳон кунад", - афзуд ин манбаъ.

Мижгона гуфтааст, мақсадаш танҳо ҷазо додан буд ва намехост, Шабнамро дар асорат нигоҳ дорад. Ин ҳодиса дар ҳоле доғ мешавад, ки чанд рӯз пеш раиси бозори “Назари нек” дар вилояти Суғд Рустам Ҷӯраеви 38-сола ва Аҳлидин Файзиев, сардори амният ва Бобурҷон Юсупов – посбони бозори мазкур як ятими 17-сола -- Зиёдбек Ҷӯраевро бо иттиҳоми дуздӣ ба андозае латту кӯб карданд, ки вай дар ҷои ҳодиса ҷон дод. Як шогирди дигари низ бепадарумодари мактаб-интернати шаҳри Чкалов ҳоло бо осеби мағзи сар дар бемористон аст.

Дар ҳарду воқеа шаҳрвандон барои муҷозоти гумонбарон ба мақомоти интизомӣ муроҷиат накарда, даст ба қазоват ва муҷозоти худсарона задаанд.
Ба ақидаи равоншиносон, ин рӯйдодҳо ба афзоиши бераҳмӣ дар ҷомиа далолат мекунанд. Зартовбӣ Табарова, равоншиноси тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таблиғи намоишҳое, ки хусусиятӣ зӯроварӣ доранд афкори ҷомеаро тағйир додааст. Ӯ бар ин андеша аст, ки чунин амалҳои бераҳмона аз ҷониби сокинон бештар зери таъсири филмҳо ва намоишҳои телевизиониии моломоли зӯроварӣ ва беэҳтиромӣ ба ҳаёти инсонҳо ба вуқӯъ мепайванданд.

Ҳамчунин, ба қавли ин равоншиноси тоҷик афзоиш ёфтани ифрот дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бештар гардидани хабарҳое чун қатлу куштор дар Сурияву Украина ва Покистону дигар кишварҳо ба таври ноаён одамонро бешафқат мекунанд: “Вақте намоиш медиҳанд, ки як нафар дигареро ҷазо медиҳад, он натанҳо ба мардҳо, балки ба занҳои бинанда низ бетаъсир намемонад. Одамон дигар дар ҳолати асабоният ба додгоҳ муроҷиат накарда, худашон ҷазо таъин мекунанд. 10 сол ё 20 сол пеш дар куҷо гуфта мешуд, ки як зан зани дигарро бо ин бераҳмӣ ҷазо додааст? Ё як модар фарзандашро сар бурида, бародар хоҳарашро корд задааст? Ҳоло ҳамаи инҳо гуфта мешаванд, нишон дода мешаванд. Ва бисёриҳо гумон мекунанд, ки ҷазо додани касе қаҳрамонист.”

Дар ҳоли ҳозир, муфаттишони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон алайҳи Мижгона Латипова ва Гулдаста Саидова бар асоси ду моддаи Қонуни ҷиноӣ - 117, банди “Д”, яъне азобу уқубат аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва 131, яъне ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)