Бахшҳо

Раҳоии Қувватов ва шариконаш баъди 45 рӯзи боздошт дар Туркия

Умаралӣ Қуввватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24”, ки 19 декабри соли гузашта дар Туркия боздошт шуд, имрӯз, 3 феврал аз боздошт раҳо гардид. Дар ин бора Қумриниссо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов дар сафҳаи Фейсбукаш хабар додааст.

Ба иттилои ӯ, дар баробари Қувватов се тан аз ҳамроҳонаш - Ҳусайн Ашурови 33-сола, Суҳроб Тураеви 36-сола ва Абдурашид Ҳомидови 25-сола низ аз боздошт раҳо гардидаанд.

Қаблан мақомоти тоҷик эълон карданд, ки барои истирдоди Умаралӣ Қувватов аз Туркия ба Тоҷикистон дархост равон кардаанд. Ахиран Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон гуфт, Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” дар баробари ҷиноёти иқтисодӣ инчунин дар гаравгонгириҳо низ даст дорад. Раиси Оҷонсӣ 26 январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, Қувватов тариқи зӯроварӣ тиҷоратҳоро аз худ карда, собиқ ҳамкоронашро аз дар берун менамудааст.

Муҳамадзода Ҷамолиддин, масъули парвандаҳои Қувватов гуфт, феълан алайҳи Умаралӣ Қувватов бо моддаи 245 ва 247, дуздию қаллобиҳо парванда оғоз карда шудааст: “Ӯ аз ҷониби мақомоти мо дар кофтукоб эълон шудааст. Маводҳояш ба Интерпол пешниҳод гардиданд. Вақти боздошташ дар Дубай мақомоти Арабистон дархости моро қонеъ накарданд, феълан дархостро ба Туркия равон кардем.”

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24”, 19 декабри соли 2014 аз манзили зисташ дар Туркия аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт гардид ва далели боздошташ нақзи қоидаҳои будубош дар ин кишвар арзёбӣ мешуд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар пайи боздошти Қувватов ва ҳамроҳонаш аз мақомоти Туркия риояи ҳуқуқи онҳоро талаб намуда, изҳор доштанд, ки Қувватов барои дарёфти мавқеи гуреза ба дафтари дахлдори Созмони Миллали Муттаҳид муроҷиат намуда, интизори ҷавоб аст.

Дар Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва аъзои “Гуруҳи 24”, ки 9 октябр аз ҷониби Додгоҳи Олӣ экстремистӣ эълон шудааст, дар ҷиноятҳои вазнини зидди сохти конститутсионӣ муттаҳам мешаванд. Қаблан Додситонии генералии Тоҷикистон гуфт, “прокуратураи генералӣ маводи ҷамъовардашударо оид ба фаъолияти “Гурӯҳи 24” мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, мақсади асосии “Гуруҳи 24” бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Қувватов ва дигар намояндагони ин гуруҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёна (экстремистидошта)-и худ мардуми Тоҷикистонро ба бетартибиҳои оммавӣ, рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.
Мӯҳр
ОРИФ
щАМИНХЕЛ МЕШУД ОЗОДИИИИИИИИИИИИИИИИИИИИИИИИИИИИИИИ МУБОРАК

барои ин кор Сафири Точикистон дар Туркия гунахгор аст, ки ягон икдоме нишон надодааст. Чуноне ки мо мушохида мекунем, худи Сафири Точикистон дар Туркия бо Консул дар Истанбул муносибати хуб надоранд. Аз зердастонашш шунидем, ки кораш факат чангдозию хабаркаши ва супермаркетгарди аз хисоби визагирхо ва консули анкара. ягон забони хоричира хуб намедонад. шахварндони тоикистонии мукими туркияро пурсидан даркор ки сафорату консулгари чи гуна муносибат доранд илтимос як бор санчед
обруи точикистонро бардоред охир
туркия майдача нест

муосир
Умарали Кувватов вакте худаш хурда мегуашту дар майшат буд, мардум ягон маротиба ба ёдаш намезад. Акнун имруз боз ифокунандаи мардуму давлат шудааст. Бовар кунед хама барои манфиатхои шахсии худаш аст.

Саид
Бародаронигироми шуморо табрик ва хамин тавр муборизаро идоа дихед.

uraaaaaaaaaaaaa ozodi muborak in odam begunohbud gumon karded ki hamaro bo pul kharida metavoned?

чинди
"... Вақти боздошташ дар Дубай мақомоти Арабистон дархости моро қонеъ накарданд, феълан дархостро ба Туркия равон кардем..." давомаша мо менависем: "Феълан дархостро ба Туркия равон кардем, онхо хам конеъ накарданд, Боз ба Испания равон мекунем, худо хохад онхо хам дархости моро конеъ намекунанд, агар нашавад, як дархости капа калон бо Россия равон мекунем, аммо пешаки медонем, ки онхо хам ягон вакт гапи моро на мегирифтанд ва нахоханд гирифт!!" Э бародарон, ин чи гап аст? ин чи кор аст?? ин чи хол аст???

Аскарбача,
Аскарбача,
Рафик аскари катори,як.чизро хииояи хукуку химояи озодиву химояи инсон меноманд.Туро мефорад,ки касе камбудихои Точикистонро гуяд, оварда УРО даррав парронанд?

Saforati Tojikiston gunohgor nest !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Ма хдм Умарали
Умарали Кувватов чош нав ёфта буд.

БО ШУМОЕМ ХОЧИ УМАРАЛИ МО ЯК ГУРУХ ЧАВОНОН...ЗИНДА БОШИ ОБОД БОШИ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)