Кумаки 100 ҳазор долларии INL ба марзбонони тоҷик
Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз сафорати Амрико дар Душанбе хайма ва нақлиёт ҳадя гирифтаанд.
Тавре аз сафорати ИМА ба “Озодагон” хабар доданд, ин кумак аз сӯи Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии сафорат (INL) тақдим шудааст: “Ин ҳадя, ки арзишаш тақрибан 100 000 доллари амрикоӣ мебошад, иқтидори техникии Қушунҳои сарҳадиро дар таъмини бехатарии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд хоҳад кард”.
Манбаъ мегӯяд, ҳукумати Иёлоти муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо ҳукумат дар таъмини амнияти ҳамаи шаҳрвандони он ҳамкорӣ намояд: “Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз як миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |