Ҳайати кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) дар конфронси ҳафтуми ҳамасолаи байналмилали ширкат намуданд.
Ин ҳамоиш дар шаҳри Маскави Русия сурат пазируфт. Ба «Озодагон» аз маркази матбуотии ФБД гуфтанд, ки тулии панҷ рӯз иштирокчиёни конфронс мавзӯи «Хизматрасонии рӯизаминӣ дар фурудгоҳҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар доираи конфронс ҳамчунин намоишгоҳ созмон шуд, ки онҷо техникаҳои ҷадид, аз қабили ядак, автозинаҳо, мошинҳои махсуси аз барфу ях тозакунанда, автобусҳо ва дигар намуди техникаи махсус ба намоиш гузошта шуд. «Хусусияти хоси техникаҳои банамоишгузошта камхарҷӣ ва маҳсулнокии онҳо мебошад»,-афзуд манбаъ. Иштирокдорон бо навгониҳои техникаи фурудгоҳӣ шинос шуда, оид ба истифодабарии техника ва таҷҳизот, мавриди истифодабарӣ қарор додани воситаҳои хизматрасонии рӯизаминӣ, сарфакорӣ дар рафти хизматрасониҳои рӯизаминӣ маърӯзаҳо шуниданд. Табар Қурбонов, муовини сардори хадамоти рӯизаминӣ гуфт «маълум гардид, ки аз баъзе намуди хизматрасониҳое, ки мо имрӯз истифода мебарем, дар аксари фурудгоҳҳо ҳанӯз ҷорӣ нагаштааст». Ҳангоми сӯҳбат ва баррасии масъала иштирокдорони конфронс ба мувофиқа расиданд, ки истифодаи таҷрибаи фурудгоҳи Душанберо мавриди омӯзиш ва истифодабарӣ қарор диҳанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр