Бахшҳо

Қазияи Асоев “сари мансабдорони воломақоми Маскавро хӯрд” (ВИДЕО)

Алексей Наделсон, як вакили дифоъ бо нашри муроҷиатномаи видеоие аз мақомоти Русия хостааст, ба бедодгарию сохтакориҳо дар мақомоти тафтишотии Раёсати умури дохилии ғарби Маскав хотима диҳанд.

Наделсон, ки ҳимояти Аслиддин Асоев, як шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба уҳда доштааст, дар ин муроҷиатнома сабти пинҳонии Степан Корпутяк, муфаттиши Раёсати тафтишотии ғарби Маскавро пешниҳод мекунад. Корпут бехабар аз он ки ӯро сабт мекунанд, шеваи кори мақомоти пулиси Маскавро ифшо кардааст: “Заказҳо хеле зиёданд. Рақибонро бартараф мекунем. Баъзан маводи мухаддир партофта боздошт мекунем, ки хеле осон аст. Масалан як нозири роҳ зимни тафтиш маводи мухаддирро ба мошини нафари мавриди таваҷҷуҳ мепартояд ва ӯро дар постгоҳи дигар боздошт мекунем. Дигар радкуниҳои ин нафар фоида намекунанд, зеро ягон қочоқчӣ иқрор намешавад, ки воқеан мухаддирот аз ман аст. Бинобар ин дар суд чунин парвандаҳо бо маҳкумият анҷом меёбанд.”

Ӯ дар идома мегӯяд, дар парвандаҳое, ки далели гунаҳкорӣ кам аст, сохтакориҳо низ мешаванд: “Масалан, дар мавриди ҳамин Асоеви шумо делелҳо каманд. Аммо нафареро, ки беш аз 11 моҳ дар боздошт аст, озод кардан ғайриимкон аст. Медонед, ғайриимкон аст. Аз рӯи одамгарӣ ба ӯ ва ҳамсараш раҳмам меояд, аммо...”

Ба қавли Корпут, раҳбарият ба вай фишор меорад, то ҳар чӣ зудтар парвандаҳоро ба додгоҳ ирсол кунад: “Ин ҷо шахс гунаҳкор аст ё на фарқ надорад.”

Аслиддин Асоев, ки дар ин сабт мавриди таваҷҷуҳ аст, шаҳрванди Тоҷикистон, падари се фарзанд будааст, ки моҳи ноябри соли 2012 мошини “Рено”-ашро тариқи мағозаи комиссионӣ мефурӯшад. Баъди 11 моҳ бо ин мошин ҷиноят содир мешавад. Соҳиби нав автомобилро ба қайди мақомот нагузошта, бо рақамҳои транзитӣ онро идора кардааст. Бинобар ин ба гуфтаи вакили дифоъ мақомоти пулис Асоевро ба ҳайси соҳиби мошин боздошт кардаанд ва гарчанде ба ҷиноят рабте надорад, қариб як сол аст, дар боздошт нигоҳ медоранд: “Аз гуфтаи муфаттиш бармеояд, ки сарфи назар аз бегуноҳӣ Кумитаи тафтишотӣ ба ҳеч ваҷҳ ба озодии Асоев роҳ нахоҳад дод. Муфаттишон ҷинояткорони аслиро пуштибонӣ карда, бо гузашти муддати дароз ҳанӯз ҳам онҳоро дар пайгарди қонунӣ қарор надодаанд. Як шоҳиди тақаллубӣ, собиқ корманди пулисро, ки худ яке аз ҷинояткорон ҳаст, ҳимоят мекунанд.”

Дар пайи муроҷиати вакили дифоъ расонаҳои Русия аз барканорӣ ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи сардори пулиси ғарби Маскав -- Владимир Рожков ва муовинаш -- Александр Кузин хабар додаанд. Онҳо дар фасодкорию рейдерӣ муттаҳам мешаванд. Инчунин дар пайи ин муроҷиат Николай Белоножко, раҳбари Кумитаи тафтишотии ғарби Маскав ба истеъфо рафтааст.

Расонаҳои русӣ мегӯянд, феълан ҷинояткориҳои дигари масъулини пулису муфаттишон дар ғарби Маскав ошкор шудаанд, ки тафтиши онҳо аз ҷониби Хадамоти федералии амният ва Кумитаи тафтишотӣ идома дорад.


Гузориши видеоӣ дар бораи барканории Рожков

Мӯҳр
Мухочир
Аслиддинро рахо карданд ва ё не?

На Аслидинро сар надодаанд

Мухочир,
Не бародар сар надодаанд!

Ин аст Россияи асли.Баъзехо то хол гумон доранд,ки Россия давлати хубу адолатпарвар аст.Мисолхо мисли дуздида ва ба дасти макомотхои кудратии Точикистон супоридани шаксоне,ки бо сиесати давлат рози нестанд, инчунин бо рохи сохтакори охоз намудани парвандахои чинояти ин як нишонаест,ки Россия як давлатест,ки дар коррупция гутида рафтааст,давлатест,ки на принципхои демократиро на хукуи инсонро риоя мекунад ва чун партнери стратеги ненадежный партнер мебошад.

мисли орнахои худомон будаян ку

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)