Бахшҳо

Боздошти 2 масъули САҲШ-и Душанбе барои тамаъҷӯӣ

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду корманди бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Душанбе хабар дод, ки аз корафтодаҳо пора мегирифтаанд.

Ба иттилои манбаъ, 29 январи соли равон ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Қосимова муроҷиат карда, арз доштааст, нисбат ба мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе -- Ҳайдарова Шаҳодат Акбаровна ва зертобеаш -- Малика Мадаминова чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иддаои Қосимова, масъулини зикршуда барои иваз намудани ному насаби писараш -- Аломуддин Бурҷинов, 100 сомонӣ гирифта, 150 доллари амрикоии дигар талаб карда истодаанд.

Тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо фасод, 29 январи соли 2015 Малика Мадаминова, мутахассиси бойгонидории САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳангоми гирифтани маблағи 100 доллари амрикоиву 280 сомонӣ аз Қосимова дастгир шуд. Ин ниҳод мегӯяд, оид ба ҳолати мазкур нисбати Мадаминова ва раҳбараш Ҳайдарова бо моддаи 324 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷуӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мӯҳр
Кормандони Паспортный столу ЗАГСу идорахои нотариали хам дар коррупция гутида рафтаанд.Ба наздашон агар бе ягон пора рави ба тарафат нигох хам намекунад.Як руз дар идораи нотариали рузи дароз истодам ягон нотариус кабул накард.Факат бенавбат одамоне,ки мешиносанду аз онхо ягон фоида мебинанд кор мекунанду халос.Охираш нашуд ба тарики шиносхоям ба назди яктои онхо даромадам.Охираш "чойпулишона"гирифтанду корам буд шуд.Агентии коррупция боз якчандто нотариусхоро хам бо айби тамаъчуи боздошт мекард,камтарак ба худ меомаданд.

офарин!ин кормандони САХШ хатто аз хизматчиени давлати барои тагьири носу насаб шарм надошта ришва талаб мекунанд!

Кормандони агенти хохиш менамоям ки аз САХШ и н. И . Сомони хам назар куне.Рудаки плаза 3 ошёна

деҳа
корафтода,
Куҷо офарин!!!!!!!!!!!! ҳеееей сабр кун уртоқ хидматчии давлатӣ!!!! ту бо ягон шох ё думи зиётӣ дори ки мегуи "ҳатто" аз хидматчии давлатӣ???!!!
дар баробари қонун ҳама яканд. ИН САВОДИ ШУМО ХИДМАЧИҲО МОРО КУШТАСТ!!
дуввум ин ки ин корупсия ҳам корашро ёфта фақат моҳичаҳора шикор мекунад бо ин 100 доллари САҲШ буҷа фоидае намебина агар ҷурат доре наҳангҳои ҷумҳуриро шикор кунед бо пули 3 тош РОҒУН сохта мешавад

шодмон,
рост гуфти бародар, аз уборшица то началникуш хамаш порахуру фасодзада.

Офарин
Дили халкба чойпулию сафекунии даст зад! То кай давом мекарда бошад ин фасод?

Маснави
Паспорт ни столи шарораро барои гирифтани пули калон низ аз кор гирифтанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)