Дуздии мошин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон (АКС)
Мақомоти пулиси вилояти Бодканди Қирғизистон як ҷавони маҳаллиро ба иттиҳоми дуздии мошин боздошт намудаанд.
Ба иттилои манбаъ ин сокини 26 солаи деҳаи Чон -Талаи Бодканд дар ҳолати сархушӣ мошини “Опел Астра”-ро аз қаламрави Қирғизистон дуздида, ба Тоҷикистон бурдааст: “Мошини рабудашуда дар деҳаи Лакани ноҳияи Исфара пайдо шудааст.”
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |