Бахшҳо

Пулис: “Ҳунарпешаи олами ҷиноӣ” дар Душанбе ба дом афтид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 42-сола дар Душанбе хабар дод, ки бо номҳои гуногун ба қаллобию тамаъҷӯӣ машғул будааст.

ВКД ин занро “ҳунарпеша”-и олами ҷиноӣ муаррифӣ карда, афзудааст, ӯ гоҳҳо, худро ҳамчун муаллимаи рақси ҳиндуӣ аз Бангладеш ё намояндаи сафоратхона, гоҳҳо чун тоҷир ё роҳгумзадае муаррифӣ намуда, ба боварии шаҳрвандон медаромадааст ва сипас бо таҳдид, ба тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ молу амволашонро аз худ мекардааст: “Ҳатто вақти боздошт бо лаҳҷаи мардуми вилояти Суғд ҳарф зада, кӯшиш мекард, кормандони милитсияро ба гумроҳӣ бурда, худро бо ному насаби "Давлатова Ҷамила аз шаҳри Панҷакент" муаррифӣ кунад.”

Тафтишот муайян кардааст, ки боздоштшуда Зебистон Исломова, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Рашт буда, қаблан барои қаллобӣ маҳкум шудааст: “Аммо баъди раҳоӣ аз моҳи ноябри соли 2014 инҷониб гоҳе танҳо ва гоҳе бо шарикаш Розиқов Абдусалом соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Душанбе, ба ҷинояткорӣ машғул будааст.”

Мақомоти тафтишотӣ чанд ҳодисаро мисол овардаанд, ки бо иштироки Исломова содир шудаанд: "Тахминан моҳи ноябри соли 2014 Исломова З. худро роҳгумзада ва шабмонда нишон дода, барои қазои ҳоҷат вориди қаровулхонае дар ҳудуди Терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе ("Автовокзал"), ки дар он ҷо шаҳрванд Раҳмонов А., соли таваллудаш 1950 ба ҳайси посбон фаъолият мекунад, бо роҳи фиреб ворид гардида, сипас бо сабаби нисфи шаб будан аз мавсуф илтимос мекунад, ки дар қаровулхона шабро рӯз кунад. Ҳуди ҳамон шаб посбонро ба ҳамхобагӣ моил карда, рӯзи дигар, Исломова З. ҳамроҳи шарикаш Розиқов Абдусалом, соли таваллудаш 1959, сокини ш. Душанбе ба назди Раҳмонов А. омада, ба ӯ таҳдид мекунанд, ки агар ба онҳо маблағи пулӣ надиҳад, оиди ҳодисаи шаби гузашта, яъне дастдарозӣ ба номус ӯро беобрӯ карда, сипас ба мақомоти корҳои дохилӣ арз хоҳанд кард. Посбони фиребхӯрда 3000 сомонии талабкардаро ба онҳо медиҳад. Аммо тамаъҷӯён ба ин қаноат накарда мунтазам меҳмони ӯ шуда, аз номбурда боз маблағ талаб мекунанд. Ҳамин тариқ ин қаллобон то моҳи феврали соли 2015 аз шаҳрванд Раҳмонов маблағи 14100 сомонӣ талаб карда мегиранд".

Пулис мегӯяд, ҷабрдидаи дуюми Исломова сокини 44-солаи ноҳияи Ҳисор Шеров Ш. мебошад, ки бо ҳамин усул аз ӯ 4500 сомонӣ пули нақдро тасарруф намудааст.

Ҳодисаи сеюм:
Исломова З. дар дохили микроавтобуси шаҳрӣ бо шаҳрванд Гулова Д., соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ваҳдат шинос шуда, бо ӯ бо забони тоҷикии монанд ба ҳиндӣ гап зада, худро муаллимаи рақси ҳиндуӣ муаррифӣ мекунад ва ваъда медиҳад, ки агар ба ӯ ба маблағи 500 доллари амрикоӣ хонаи иҷора ёбад, ба Гулова Д. ва фарзандонаш бо нархи арзон рақси ҳиндуӣ меомӯзонад. Бар замми ин, Исломова З. илова мекунад, ки аз Ҷумҳурии Бангладеш буда, дар Сафоратхонаи Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад ва забони тоҷикиро ба наздикӣ дар ҳамин ҷо ёд гирифтааст. Аз сабаби надонистани он, ки зимистони Тоҷикистон ин қадар хунук будааст бо либоси тунук ба ин ҷо омадааст. Бо ин мақсад ба боварии Гулова Д. даромада палтои қимматноки ӯро соҳиб гардида, мебинад, ки дар ҳамёнаш пули зиёд дорад. Сипас 400 сомониашро гирифта ваъда медиҳад, ки пулашро бо изофа бармегардонад.

Ҳодисаи чорум:
Исломова З. бо ин қаноат накарда, орзуи дар шаҳри Душанбе шоҳона зиндагӣ намуданро мекунад. Ӯ худро шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифӣ намуда, ба боварии Холов К., соли таваллудаш 1977, сокини ш. Душанбе даромада, хонаи ӯро, ки пардохти маблағи иҷора 1000 доллари амрикоӣ буд, ба маблағи 1200 доллари амрикоӣ ба "иҷора" мегирад. Сипас, гӯё ҷобаҷогузории ҷиҳози хона ба ӯ маъқул набуда, аз Холов К. хоҳиш мекунад, ки хонаро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намояд. Шаҳрванд Холов К. барои ин миҷози олиҳиммати худ ҳуҷҷатҳои хонаашро ба гарав монда, аз бонк пули калон қарз гирифта, мебел ва дигар анҷомҳои қимматнок харида меорад. Аммо дар ин миён ҳангоми як амалиёт Исломова, ки зери шубҳаи кормандони милитсия қарор гирифтааст, боздошт шудааст: "Феълан алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти ин ва ҳодисаҳои дигар идома дорад."
Мӯҳр
Мухтарам Озодагон сураташро чоп кунед,бовари дорам боз чанд нафари дигар уро шинохта боз ариза медиханд..Ман як вактхо дар такси кор мекардам ва ба фикрам хамин зан буд,ки ба ман тухмат карда гуфт,ки 400 сомони хозир дихам агар не гуфт хозир телефон мекунам ба кормандони 4 отдели ВКД-ро ба назди ман меорад,базур аз мошинам рондам.Вакте ки мошинро гардонам ва гуфтам,ки хозир худам уро ба ВКД мебарам,зуд аз мошин фаромад.

Э бечора номи Панчакент тамоми гунохро ба гардани ту мезананд,афсус сад афсус !

панчакенти
номи панчакентиро озоди хамрох накунад намешад. ними суханхои шумоен бофтаву тахайёли муаллиф.

Чори
Эхтимол ин зани маккор бо ниходхои дигар хамкори дошта бошад бинед да

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)