Бахшҳо

Дархости муфтӣ барои дахолати Путин ба манъшавии ҳиҷоб дар Мардова

Равил Ғайнуддин, раиси Шӯрои муфтиёти мусулмонони Русия бо ирсоли як нома аз Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз мамнуъшавии пушидани ҳиҷоб дар мактабҳои давлатии ҷумҳурии Мардова кӯмак хостааст.

Раиси Шӯрои муфтиёти Русия содир кардани чунин қарорҳоро боиси ба ҳошия рафтани духтарони мусулмон хонда, ба Путин гуфтааст, “бовар кунед, барои тақдири ояндаи хоҳарону модарон ва духтароне, ки ҳавасманди омӯзишу таҳсили якҷоя бо ҳамсолони дигари худ дар мадориси умумиро доранд, дилам дард мекунад! Онҳо низ орзӯ доранд, ки фардо ба ҳайси як муаллима, пизишк , коргар ё донишманд ба ҳамватанону фарзандони Ватани худ хидмат кунанду нақше дар ҷомеа дошта бошанд. Дилам ба бонувон ва модароне месузад, ки ба хотири ин мушкили духтарони донишомӯзашон ашк мерезанд.

Ғайнуддин эҷоди ихтилоф бар сари ҳиҷоби донишомӯзони духтари мусалмон дар мадориси давлатии Мардоваро кори доираҳои манфиатхоҳу душманон донистааст, ки ба гуфтаи ӯ, ин нақшаҳо дар хориҷ тарроҳӣ ва бо ҳадафи ташаннуҷофаринӣ дар равобити мардумони ин кишвар, ба ҷомеаи чандфарҳангии Русия таҳмил мешавад. Дар ҳоле ки мусалмонони Русия дар гузашта ва имрӯз низ ҳамвора дар дифоъ аз тамомияти арзӣ, истиқлол ва рушду пешрафти ин кишвар ҳимоят карда ва хоҳанд кард.

Дафтари матбуотии Шӯрои муфтиёти Русия мегӯяд, номаи раҳбари ин ниҳод дар ҳоле ба унвони Путин ирсол шуда, ки қарор аст, 11 феврал Додгоҳи олии федеролии ин кишвар ҳарфи ниҳоиро дар бораи он ки донишомӯзони Мардова ҳиҷоб мепӯшанд ё намепӯшандро хоҳад зад.

Ба иттилои манбаъ, ин додгоҳ шикояти сокинони мусулмони Мардова аз болои қарори ахири ҳукумати ҷумҳурии худро баррасӣ мекунад, ки дар робита ба манъи пӯшиши ҳиҷоб барои донишомӯзон содир шуда буд.
Мӯҳр
мухлис аз Душанбе
Ахсан рости ин муфтии Точикистон чикор мекунад намаълум дар ягон кор овоз намебарорад мисол: то 18 ба масчид рафтан манъ, дар донишгоххо ё чои кор бо хичоб кор кардан манъ ё дар франсия нисбати динни Ислом чи гапу кор шуд ба хаммаи мо маълум аммо кариб таммоми давлатхо овоз баланд кард хато Киргизистон хам лекин мо ТОЧИКХО бо муфтимон хап

саидчон
РАҲМАТИ АЛЛОҲ БА ШУМО КИ ДИФОЪ АЗ ЗАНОНУ ХОҲАРОНИ МУСУЛМОНИ МАРДОВА МЕКНЕД КОШ МУФТИ САИД МУКАРАМ ДИФОЪ АЗ ХОҲАРОНИ МО МЕКАРДУ НОМАЕ БА РОҲБАРИ ДАВЛАТАМОН ИРСОЛ МЕКАРД

adl
Darhosti mufti gufted dilam hush shud. Fikr kardam muftii hudamon saidmukaram bedor shud az hob. Wale afsus digar budast. Muftii rossiya ham boshad ofarin ki sheri nar budai.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)