Бахшҳо
05 фев 2015 16:13Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон қатли Касосибаро "даҳшатовар" хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як барқияи тасаллият ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн, подшоҳи шоҳигарии Ҳошимии Урдун барои қатли ҳавонаварди урдунӣ аз ҷониби гуруҳи “Давлати исломӣ” изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, ин номаи Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 4 феврал ирсол шуда, дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Аълоҳазрат, фоҷеаи қатли ҳавонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гуруҳи ифротиву террористии “Давлати исломӣ” моро ба даҳшат андохт”.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ба Шумо нисбати ин талафот таъкид бар он медорем, ки чунин амали нафратангези ғайриисломиву ғайриинсонӣ азму иродаи моро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи решакан намудани ин вабои палид, ки таҳдиде ба амнияту суботи минтақа ва тамоми ҷаҳон гаштааст, беш аз пеш афзун менамояд. Таъзияву ҳамдардии самимонаи моро ба Шумо, пайвандони шаҳид ва мардуми бародари Урдун қабул фармоед”.

Муоз ал-Касосиба, халабони урдунӣ моҳи декабри соли гузашта баъд аз суқути ҳавопаймояш дар давлати Сурия асир афтод. Рӯзи 3 феврали соли равон ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” навори зинда ба оташ кашидани ӯро нашр кард.
Мӯҳр
Мухлис Душанбе
Президенти Точикистон барои зинда ба зинда сузонидани халабони урдунй Муоз Ал-Касосбех ба Шохи ин давлати арабй номаи тасаллият фиристод. Барои чй шахрванди точикро дар Россия охирхои соли 2014 чисмашро пора-пора карда, издиватся карданду то ба хол кисме аз баданаш ёфта нашудаст, ба оилаи ин чавонмарг ва Русия овоз набаровард?! То ба хол ин оила хун мегиряд.

Ин кадар Точикхои бечораро дар гариби калахошона мегиран саг вори мекушаншон якас овоз намебарора , Худованд рахмат куна ин бародаро

Ана мусулмони" Шарм медорам худро мусулмон гуфтан дар Россия.

ортикбай, инхо мусалмон не балки хизматгорони амрикоианд. ИГИЛро амрико спонсори мекунад, яъне барои низоъи миени мусалмонхо.Дастахои террористи, АлКоида ва дигар мисли инхо ин махсулоти Амрико аст. Онхо вазифахояшон аз он иборат аст, ки бо парчами исломи одамонро кушта ва е дигар корхои теророристиро ичро карда номи исломро бадном кардан аст. вале боиси таассуф аст, точикбачахо ки аз бузургии ислом бехабаранд ба доми ин гуруххо меуфтанд. Ана барои хамин китоби мукаддаси КУРЪОНро бодиккат хонда омухтан лозим аст. Мусалмон бародари мусалмон аст ва хуни мусалмонро рехтан гунох аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)