Бахшҳо

Сафир: Эронҳаросӣ дар Тоҷикистон кори дасти салафиҳост

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории "Форс" дар баробари густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ду кишвар раванди эронҳаросиро низ шарҳ додааст.

“Форс” суол гузоштааст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон раванди эронҳаросӣ ба назар мерасад ва он махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аён аст, ки ба афкори мардум таъсир мерасонад: “Оё сафорат барномаеро барои ҷилавгирӣ аз ин раванд рӯи даст дорад?”

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар посух, сухани марҳум Муҳаммад Тақии Ҷаъфариро зикр кардааст, ки касе ба қатори истода санг намезанад ва чун қатори Эрон пайваста дар ҳаракат аст, мухолифин нақшаи эронҳаросиро роҳандозӣ кардаанд: “Ман дар Тоҷикистон сиёсатеро, ки аз тарафи давлат бо ҳадафи эронҳаросӣ дунбол шавад, эҳсос накардаам, балки равобити мо бо давлати Тоҷикистон дӯстона ва бародарона мебошанд. Бархе гуруҳҳои салафӣ дар ин ҷо ва ҷойҳои дигар дунболи доман задан ба ихтилофи шиа ва суннӣ ҳастанд ва табиатан пружаи эронҳаросиро дунбол мекунанд. Вале инҳо на дар байни давлати Тоҷикистон ва на миёни мардуми кишвар ҷойгоҳе надоранд ва гузашти замон ҳам нишон медиҳад, ки Эрон ҳамеша дар канори миллатҳои минтақа будааст ва миллатҳои минтақа ҳам ҳамеша аз Эрон ҳимоят кардаанд.”

Ба гуфтаи Фағонӣ, Эрон дар талоши ваҳдати уммати исломист, ки феълан мусалмонон аз он бархӯрдор нестанд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон мунодии ваҳдати шиъа ва суннӣ аст. ҶИЭ як кишвари шиъа аст, вале шумо агар ба савобиқи рафтори он нигоҳ кунед, бештарин ҳимоятро аз миллатҳо наҳзатҳои суннӣ дар минтақаро доштааст. Шумо сиёсатҳои Эронро дар Фаластин нигоҳ кунед. Ҳимояти мо аз Ҳаммос ҳимоят аз шиъа нест. Дар Босня вақте мусулмонон мушкил доштанд, Эрон ҳимоят кард.”

Сафири Эрон изҳори боварӣ кардааст, дар сурати ваҳдат ҷаҳони Ислом як қудрати бузург дар тамоми дунё хоҳад буд: “Бархе аз кишварҳои минтақа тоблуи Исломро дар даст доранд, аммо дар онҳо камбуди муҳтавои Ислом вуҷуд дорад ва ҳукумати ин кишварҳо, ки диктаторӣ идора мешавад, аз намунаи мардумсолорӣ, ки Эрон ироа додааст, метарсанд. Дар натиҷаи пружаи эронҳаросиро роҳ андохтанд.”

Зимни мусоҳиба Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ инчунин ба масоили терроризму ифротгароӣ дахл карда, онро падидаи таҳти ҳимоятҳои фароминтақавӣ донистааст, ки Эрон аз дер боз бо он мувоҷеҳ аст. Ба гуфтаи Фағонӣ Эрон аз ҷумлаи кишварҳои ангуштшумор аст, ки масъулини олирутбааш хеле зиёд ҳадафи террор қарор гирифтаанд.

Фағонӣ ба ин назар аст, ки набуди таваҷҷуҳи кофӣ ба решаҳои терроризм ва вуҷуди стандартҳои дугона боиси нокомии мубориза бо он аст: “Хеле аз онҳое, ки хориҷ аз минтақа ва махсусан дар Ғарб шиори мубориза бо терроризмро медиҳанд, дар амал худашон бузургтарин терроризм, чӣ аз навъи давлатӣ ва чӣ аз навъи ғайридавлатӣ ҳастанд. Агар ғайри ин буд ва садоқате вуҷуд дошт, мубориза бо терроризм хеле зудтар аз инҳо ба натиҷа мерасид”.
Мӯҳр
Рашид
мухтарам Сафир
агар шумо дар хакикат бо сунни як гап бошед чаро дар Техрон ягон масчиди сунни нест?????
чаро шумо тамоми асхобро тухмат мезанед????
чаро шумо куронро тахрифшуда меген????
чаро шумо ба азоби кабр бовар надоред????
чаро шумо масчиди калонтарини зоидонро бастед як чанруз пеш????
чаро шумо паигамбари худоро Мухаммад (с) кабул надоред хадисхояшро????
чаро шумо сигаро (никои времени) суннат медонед???
чаро шумо барой як сунниро куштан савоб мегирифтаед????
чаро шумо Абулулуи мачусиро зиёраташро аз хонай худо баланд мешуморед???
чаро шумо рузи ошурода ки расули Аллох дар ин руз руза мегирифт шумо бошед худатонро мезанеду мекубед то хато аз задани бисёр базехотон чон медиханд????
валохи агар нависам ин саволхоро шояд хазорхо чумла шавад локин сад афсус ки шумо шиахо дуругу астед дуруг дар дини шумо ин як ибодат аст локин хаминро гуфтани астам ки мардуми точикро тухмат назанед мо паирави аз Эмоми Азам мекунем иншоаллох Озодагон Озод бош

Насим
Имоми Аъзам хеч мухолифате бо шиахо надошт. Имоми Аъзам солхо дар пахлуи Имом Чаъфар буд ва гуфтаи Имоми Аъзам ки агар Чаъфар набуди Ханафи халок мешуди.
Азоби кабр ба фикрам набояд бошад дар кабр хеч касро азоб намедиханд, балки дар рузи растохез баъд ки дар сур дамида шуд хамаи мурдахо дар хузури парвардигор зинда мешаванд ва аз руи аъмолашон чавоб медиханд. Лекин хамон гапи Чоми ...

Рашид гапот гапои гампири, шид меша нашид???????? )))))))))))))))

ОРЕ, Рашид дуруст навишта кади, ЧАРО?

Рустам
сардори давлат дар як мачлисе гуфт ки касе метавонад озодона гап занад ки мардум гапашро фахмад ва хар як шахс хукук дорад ки озодона гап занад.

давлат ва миллати Тоҷикистон дар баробари сиёсатҳо ва барномаҳои пешгирфтаи Ҷ.И.Э каме ҷиддитар бошад чун давлати ирон солиён зиёдаст талош мекунад руи ин миллат тасир гузорад хазорҳо донишҷуи тоҷик аз тарафи сафорати Ирон бидуни ҳеҷ ҳамоҳанги Вазорати Маорифи ба шаҳрҳои мазҳаби Аз ҷумла Гургону Қум фиристода мешаванд аммо ҳукумати Тоҷикистон то имруз пеши инро роҳро гирифтааст? на Ирон дар ин вазъияти бе сару сомони тоҷикистон истифодаи хуб мебарад хулас нуфузи Ирон дар даҳсоли охар хеле зиёд шдааст ва барои Тоҷикистон ояндаи хубе надорад

ннн
САЛОМ, ЭРОН! ХУШ БА ХОЛАТ, ОЯНДАИ ДУРАХШОН ВА ПУР АЗ МУВАФФАКИЯТ ИНТИЗОРИ ТУ ВА МИЛЛАТИ ТУ АСТ, ПОЙДОР БОД ДУСТИИ ШИЪА ВА СУННИ БО ТАВФИКИ ИЛОХИ БАР ДУШМАН ГОЛИБ ХОХЕМ ОМАД

чаро дар теҳрон масҷид барои сунниҳо нест ؟؟؟
ва чаро сохтани масҷид барои сунниҳо мамнуъ؟

Зоҳид
Рашид
Масҷид хонаи худост шиа у сунни надорад
Шиа ва сунни бародаранд вали салафиҳо душмани шиа ҳо ва сунииҳо ҳастанд

Муслим Кулоб
786
Салом миллат, озода ва олим бошен. Таасуб ва курдили дар таърихи башар то имруз факат ва факат шикасту гуломиро натича додааст.
Биёед даст дар дасти касоне надихем ки дасти дигарашонро бар дастони хунолуди Израили кудак куш ва яхудии душмани Аллох додааст.
Як гурухчае ката гап мезанан, ва аз арабои гуломи Израил пулу молу мошину ... мегирану миян пууффаст карда аз он гуломони яхуди таъриф мекунанд. Сиёсати хопичаи10 солаи охири арабро тамошо кунен ки арабо то чи андоза кишварои араби хамфархагу хам забони худшона берахмона ба воситаи тероризми чахони мекушанду заррае рахм намекунанд.

точик
Бародар чаноби сафир чаро аз химоятхои Эрон аз хнит дар солхои 1991 то имруз ёдовар нашудед шумо ку аз вахдати чомеаи исломи сухан мекунед Эрон то он замоне ки бо ягона максадаш яъне густариш ва решадавондани мазхабу акидааш дар миёни чомеахои ахли суннат талош мекунад харгиз аз пешгомони вахдати мусулмонон эътироф нахохад шуд.

Хайдари
Сафири мухтарам
Ба кадом сабаб аст ки тамоми сохтумонхой шумо бенихояд тул мекашанд дар ТЧК????

pom
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд.
Хоҷа Ҳофиз

Чаноби Сафир! Як сабаби эронхароси коидахои сахти исломи мебошанд,ки аз чониби марчаи таклид рохандози мешаванд. Масалан мамнуъ кардани овозхонии занон дар назди мардон. Инро аксари точикон пазируфта наметавонанд. Дар Чумхурии исломии Афгонистон аз тарики телевизион овозхонии занонро хатто бо либосу тазъйини аврупои мисли Точикистон тамошо мекунанд.... Дар Эрон шадидан аз ин кор чилавгири мешавад. Хатто нашри албомхои овозхонони зан тахти назорати шадиди мачаи таклид карор дорад. Авлодони Фирдавси набояд улгуи ин тур тангназари бошанд!!!!!

мирзоали
аз дидгохи ахли сунат махсус мазхаби ханафи касе инкори азоби кабр кунад ба хеч вачх ин шахсро суни ва ханафи гуфта намешавад ва эмомчафари содик ва дигар ахли бйти пайомбар алахисалом хма суни буд на шиьа зеро фарзандонашон умар усмон абубакр ном доштан хато духтари эмом рзо оиша ном дошт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)