Бахшҳо

Даъвати муовини муфтӣ барои итоат ба амру супориши Эмомалӣ Раҳмон

Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинон даъват кард, ба гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар гӯш дода, ба тамоми амру фармоиши ӯ итоат кунанд. Ӯ ин дархостро рӯзи 6 феврал зимни хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ироа кард.

Муовини раиси Маркази исломӣ гуфт, “мову шумо бояд ба ҳар амру супорише, ки аз ҷониби сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода мешавад, итоат кунем”. Ӯ дар шарҳи ин гуфтаи худ изҳор дошт, “сабабгори ин сулҳу субот ва оромии кишвар маҳз Эмомалӣ Раҳмон мебошад”.

Сайид Акбар таъкид кард, раисҷумҳури Тоҷикистон барои беҳбудии миллати тоҷику шукуфоии кишвар саъю талоши зиёд дорад ва то имрӯз чандин мактаб бунёду донишомӯзон бо лавозимоти хониш, аз ҷумла компютер таъмин шудаанд: “Имрӯзҳо мо тавассути ойинаи нилгун мебинем, чи тавр дар гӯшаву канори кишвар мактабҳо буёнд ва биноҳо қомат афрохта истодаанд ва бародарону фарзандони мо дар ҳама донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил доранд”.

Ӯ дар идома аз сокинон хост, аз гуфтани суханҳои баду таҳқиромез дар ҳаққи якдигар худдорӣ кунанд: “Ҳар сухани мо ки боиси ранҷиш ва нороҳатии ӯ мешавад, гуфтани он дуруст нест ва мо ин ҳақро низ надорем. Мову шумо ҳаққе надорем, касеро таҳқир кунем”.
Мӯҳр
"хар сухани мо ки боиси ранчиш ва норохати у мешавад, гуфтани он дуруст нест" ро чй хел фахмеем

Раҳгузар
Мо фақат ҳақ дорем таҳқир шавем! Тоҷик барои таҳқиршудан офарида шудааст. Ҳамин хел нест, домулло Акбар?

Ин гуна муллохо ба точикон гуш додан ба амру фармони Чингизу Темурро хам айни савоб медонистанд. Мутассифона, бархе аз муллохои мо талош доранд фарзандони точикро араб созанд, бархе дигараш, мисли ин домулло, ки аз харфхояш пайдост саводи чандоне надорад, ба мо бандагию гуломиро талкин мекунанд.

Банда
“мову шумо бояд ба ҳар амру супорише, ки аз ҷониби сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода мешавад, итоат кунем” - агар намоз нахон гуяд чи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)