Бахшҳо
06 фев 2015 16:53Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

АКС: Амниятиҳо беҳтарин корманди оперативӣ эълон шуданд

Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин корманди оперативӣ”, ки имрӯз, 6-уми феврал бо ҳузури тамоми намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ баргузор гардид, бо ғолибияти афсарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ анҷом ёфт.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар даври финалии озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» 17 нафар корманди оперативии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадор, Гвардияи миллӣ ва Хадамоти гумрук иштирок карда, ба суолҳо доир ва ба фаъолияти оперативӣ ва қонунгузорӣ посух гуфтаанд.

Дар натиҷа лейтенанти хурд Алиев Ҳусниддин Шералиевич –корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷои якум ва бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ бо нишони сарисинагии Вазири корҳои дохилӣ «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва бо маблағи пулии 4000 (чор ҳазор) сомонӣ қадрдонӣ шуд.

Полковники адлия Йигитов Рустамбой Тошевич –корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм, нишони сарисинагии Вазири корҳои дохилӣ «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва маблағи пулии 3000 (се ҳазор) сомонӣ гаштааст.

Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ ҷойи сеюм насиби лейтенанти калони адлия Аламов Манучеҳр Аюбҷонович – корманди Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст, ки бо нишони сарисинагии Вазири корҳои дохилӣ «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва бо маблағи пулии ду ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шудааст.

Рамазон Раҳимзода зимни ин озмун изҳор доштааст, ки кор дар тамоми соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ вобастагии зич дорад. Ӯ таъкид намуд, ки тибқи тағйирот дар қонунгузории кишвар шахсони мусоидаткунанда барои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ зери ҳимояи қонуни мазкур қарор доранд. Вазири умури дохилӣ инчунин ба ҳамаи иштирокдорони озмун китоби дарсии «Фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯӣ»-ро, ки ба қалами худаш тааллуқ дорад, тақдим намудааст.


АКС: Амниятиҳо беҳтарин корманди оперативӣ эълон шуданд

АКС: Амниятиҳо беҳтарин корманди оперативӣ эълон шуданд

АКС: Амниятиҳо беҳтарин корманди оперативӣ эълон шуданд

АКС: Амниятиҳо беҳтарин корманди оперативӣ эълон шуданд

АКС: Амниятиҳо беҳтарин корманди оперативӣ эълон шуданд

АКС: Амниятиҳо беҳтарин корманди оперативӣ эълон шуданд

АКС: Амниятиҳо беҳтарин корманди оперативӣ эълон шуданд

АКС: Амниятиҳо беҳтарин корманди оперативӣ эълон шуданд
Мӯҳр
Офарин, ин ташаббуси Вазири корхои дохили бехтарин икдом аст. Зеро дар ин самт ягон макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудрати ба ин кор даст назадаанд. Ин озмун барои баланд бардоштани махорати касбии оперативникхо таъсири сахт мерасонад.

Албата бехтаринан вакте ки чойгахи хоби мардума хабар гирифтан хатто корхои зану шавхари мардума хабар гирифтанд пас чигуна инхо бехтар набошанд

КГБешник
КДАМ дар хакикат макомоти фаъоли пешбарандаи фаъолияти оперативи чустучууи мебошад, ва далели ин гуфтахо сазовор гаштани чойхои намоёнро намояндагони макомоти мазкур мебошад. Рахимзода низ эътироф кард, ки дар хакикат кормандони КДАМ бехтаранинад дар мукоиса бо дигар кормандони макомоти хифзи хукук КДАМ ба пеш давлат ба уумеди шщумо хаст ва ояндаи давлату миллат дар дасти шумоён хаст офарин ба шуумо барои хизматхои содиконаатон барои ватан.

Офарин! Ахсан! Кумитаи амният чои фикркуни, тахлил ва амал намудан аст Буд ва мемонад бехтарин дар хама самти фаъолият.

Ахсан ба шумо Рохбари Давлат ки чунин фарзанди бо нангу номусро сардори МВД мондаед бехтарин интихоб кардаед Сарвари Давлат.Парвардигор имону инсофатонро зиёд кунад,ки ба Халку Ватани худ аз ин хам зиёд хизмат кунед,мо аз кори шумо рози хастем Рохбарони Ватани азизи мо.Точикам бо Точикистон зиндаам.

Офарин кормандони КДАМ дар хакикат такягохи асосии давлат шумо хастед, Худованд хамеша шуморо дар панохаш нигахбон бошад.

миллат
Коррупциярам маладес байни хамаи макомотхои хифзи хукукда чои сеюм бад нест.

Рахмат ба марди одил Рахимзода Рамазон дар хакатан нишон дод малакаи кории худро дар мудати кутох ягона сохтори давлатиеки бо мардум сару кор мегирад хакикати корро маьлум менамояд ин ВКД мебошад ман шахрванди Чумхурии Точикистон аз фурсати муносиб истифода бурда хамаи кормандони ВКДро ба рузи идашон табрик мегуям бигзор дар хонахояшон файзу баракат бошад чолокию часуриро хеч гох аз даст надиханд сарфарозу саломат бошед чашми давлат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)