Омӯзгори тоҷик дар Русия: Вақте фаҳмиданд, ки ман тоҷикам...

Лола Қосимова, як омӯзгори тоҷик, ки дар синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи шаҳри Самара ба тадрис машғул аст, муносибати мардуми рус ва фарқияти хонандаҳои тоҷик аз русро шарҳ додааст.
Қосимова мегӯяд, дар пайи он ки шавҳари низомияшро ба Самара интиқол доданд, ӯ низ бо фарзандонаш ба ин ҷо омад ва дар аввал ба ҳайси хазиначӣ дар мағоза ба кор пардохт. Баъдан директори мактаб аз писараш фаҳмидааст, ки ӯ омӯзгори забони русист ва барои суҳбат ба мактаб даъват кардааст. Ба ин тартиб, Лола пас аз суҳбат бо раҳбарияти мактаб ба ҳайси муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ба кор шурӯъ мекунад, чун таҷрибаи бойи кор бо кӯдакони синфҳои поёнӣ доштааст: "Вақте волидони донишомӯзони мактаб хабар ёфтанд, ки ман рус нестам, хостанд фарзандони худро ба синфҳои дигар баранд, вале бо гузашти замон ин вазъ тағйир ёфт. Падару модар мебинанд, ки ман натанҳо дарс медиҳам, балки бо фарзандонашон дар вақти танаффус дар саҳни мактаб ба бозӣ ва дигар машғулиятҳо мепардозам. Ин кори ман волидон ва ҳамкоронамро дар ҳайрат мегузорад".
Ин омӯзгори забони русӣ, ки қаблан дар Душанбе ҳам ба хонандаҳо дарс гуфтааст, ба хабарнигори бахши русии "Озодагон" -
Маина Шварсгуфт, кори омӯзгорӣ дар Самара бамаротиб осонтар аст, чун як синф на аз 45, балки аз 25 хонанда иборат аст.
Ба ақидаи Лола Қосимова хонандагони макотиби миёна дар Русия аз Тоҷикистон фарқ мекунанд: “Дар Русия кӯдакон ба ин одат кардаанд, ки онҳо барои падару модарашон “маркази ҷаҳон” маҳсуб мешавад ва ба ин хотир худро аз ҳар чизи дигар муҳимтар мепиндоранд. Аз тарафи дигар оилаи дорои ду ё чанд кӯдак каме худхоҳ ба воя мерасанд”.
Лола мегӯяд ду сол аст, ки дар Самара зиндагӣ мекунад, вале худро то ҳол маҳаллӣ эҳсос накардааст, “барои ман ворид шудан ба ҷомеаи рус мушкил аст. Ин мушкил дар кори ман ҳам таъсир дорад. Ман ба кӯдакон ёд медиҳам, ки набояд ҷузвдонҳои худро ба модаркалонҳои солхӯрда, ки ба пешвозашон меоянд, бидиҳанд, балки худашон бигиранд ва дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба калонсолон ҷой бидиҳанд. Ин чизҳо дар Русия он қадар роиҷ нест.”
Лола Қосимова илова кард, “фарзандони маро аз миллаташон мепурсанд ва вақте аз тоҷик буданашон бохабар мешаванд, мегӯянд, волидайни шумо дар бозор кор мекунанд? Ҳангоме аз фарзандонам мешунаванд, ки “на, модари ман муаллимаи забони русӣ аст” ҳайратзада мешаванд. Ва ё ҳангоме ки мефаҳманд ман муаллимаи забони русиям бовар намекунанд, ки миллатам тоҷик аст.”
Ин омӯзгори тоҷик изҳор медорад, бо вуҷуди чанд соли фаъолияти омӯзгорӣ дар шаҳри Самара, бо даст додани фурсат омодааст ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ мегӯяд, дар Душанбе наздикону дӯстон ва хотираҳои хуше дорад: “Айни ҳол дар заминаи омӯзгорӣ таҷриба меандӯзам ва бо фароҳам шудани шароит бо ҳамкоронам дар Душанбе табодули таҷриба мекунам.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |