Баҳси хатари обшавии пиряхҳо дар суҳбати Насрединов ва президенти Маҷористон
Исматулло Насрединов, сафири нави Тоҷикистон дар Маҷористон бо Янош Адер, раисҷумҳури ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, дидори Насрединов бо Адер рӯзи 4 феврал дар Будапешт баргузор шуда, дар вохурӣ сафири нави Тоҷикистон Эътимодномаи худро ба раисҷумҳури Маҷористон супоридааст.
Ҷонибҳо сатҳи равобити кунунии Тоҷикистону Маҷористонро баррасӣ карда, ба зарурати фаъол намудани ҳамкориҳои гуногунсоҳаи тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар таъкид кардаанд. Инчунин раисҷумҳури Маҷористон оид ба масъалаҳои обу энергетика, вазъияти экологии минтақа, тағйирёбии иқлим ва хатари обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, дар иртибот ба ин мавзӯъ, аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси Рио+20 дар таърихи 22 июни соли 2012 дар Рио-де-Жанейрои Бразил ёдовар шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |