Бахшҳо

(ВИДЕО) Кормандони пулис: Дучарха кори моро осон мекунад

Маъмурини пулиси шаҳри Душанбе мегӯянд, назорати тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳои пойтахт тавассути дучарха роҳаттар аст.

Косибхон Сангов, фармондеҳи баталиони Хизмати дидбониву пайраҳадории Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ба “Озодагон” гуфт, 120 дучархаи махсусгардонидашуда, ки ахиран аз сӯйи сафорати ИМА тақдим шуд, кори маъмурини милисаро хеле осон хоҳад кард.

Қаблан гуфта шуд, кормандони Хадамоти дидбонию пайраҳадорӣ ин дучархаҳоро фаслҳои баҳор, тобистон ва тирамоҳ истифода мебаранд. Косибхон Сангов мегӯяд, барои намуна яктоӣ аз ин дучархаҳо ба чор ноҳияи пойтахт тавзеъ шуда ва тайи се рӯз мешавад, он мавриди истифода қарор дорад: “Ин дучархаҳои оддӣ набуда, барои кормандони милитсия махсусгардонидашуда мебошанд. Дорои навиштаҷоти "полис" ва чароғакҳои ранга ҳастанд, ки шабона дар рафти иҷрои вазифа қулай мебошад. Ҳамчунин бордони махсус дорад, ки дар он китоби хизматӣ, тасма ва асбобҳои лозимаи дучарха гузошта мешавад”.

Ӯ афзуд, бо дучарха бештар минтақаҳои гаштугузори зиёди мардум, гулгашт ва хиёбонҳои марказиро назорат мекунанд. Олимҷон Ғуломов ва Абдулло Ибодуллоев, ки аз ин дучархаҳо истифода кардаанд, ба “Озодагон” гуфтанд, он имкон медиҳад, дар фурсати кутоҳ минтақаи зиёд зери назорат қарор бигирад. Ибодуллоев афзуд: "Рӯзи дуюм аст, ки дар ноҳияи Сино-2-и шаҳри Душанбе бо дучарха ҳаракат мекунем ва вазифаамон таъмин кардани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии рафти ҷиноят мебошад. Хизмати дидбонӣ ва пайраҳадориро дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, аз назди муҷассамаи Сино то саршавии кӯчаи Ғафуров бар уҳда дорем, ки назорати хатсайр тавасути дучарха дар ин минтақа хело корро осон мекунад".

Косибхон Сангов, фармондеҳи баталиони Хизмати дидбониву пайраҳадорӣ мегӯяд, дар марҳилаи аввал дучархаҳо танҳо дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифта, дар оянда ин иқдом дар минтақаҳои дигар низ роҳандозӣ хоҳад шуд.


Мӯҳр
милиса
Ана хамин хел намонед милисахо бо мошин дар кучахо гарданд 60% мошинхо дар рох кам мешавад ва роххо амну амони мешавад.

99
Бо ВАЛАСФЕД, ба порагирӣ, марш!!!

Бигузор хукумати точикистон заводи дучархаро бисозад ва пулисон бо дучарха амниятро нигох куннднисати мошин дучарха хам барои атмосфера хам безарар аст хам бензин сарф хохад шуд

Истиклол
Бисер икдоми нек аст. Дар мошин шишта бисер корхои дуздону нобакорхоро дида намешавад, ки аксарияти онхо дар тангкучаю ва дар чойхое, ки мошин гузашта наметавонад амали мекунанд. Вале акнун кормандони хифзи хукуки мо бо ин Дучархаашон ачали дуздону горатгарон мешаванд

бо ном
агар кормандони пулисро хисси ватандустиашон ва вичдорн аз порагири манъ накунад на дучарха пеши рохашонро мегирд ва на хутикча,,

Юсуф
ман дар ин навор бештар аз дуяарха аз суҳбати командиршон лаззат бурдам бисёр бисёр шево, зебо ва равон бо забони модарӣ суҳбат кард шахсан аз ин инсони бузург ташаккур мекунам инхел инсонҳо мардумро ба пулис дилгарму эътимоднок мекунанд
мешудасст бе истифодаи забони бегона ва бе ъум-ъум

Абубакр
Ташаккур ба рохбари баталион барои сухбати хуб, зебо ва шевоашон. Вокеан макомоти милиса ба чунин кормандон ниёзи чидди дорад. Инчунин ташаккур ба вазири мухтарам Рамазон Рахимов, ки макомотро назди мардум обруяшро ва касбияташро боло бурдааст.

МИЛИСА
хехехехе фикри ОЛЛИ Амрикоиҳо зур ахмақ мекардаанд... Ба Ҳукумати Тоҷикистон: то кайа ба умеди Амрикоиву Руссия мешавед? Дучаоха аз Амрикову Автомашинаҳо аз Руссияву Хитой...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)