Бахшҳо

ВИДЕО: Шартгузории Убайдуллоев баъди гузориши интиқодии ТВТ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи рӯзи 9-уми феврал техникаи вазнини ширкатҳои сохтмониро сабабгори асосии вайроншавии роҳҳо дар бархе кӯчаю хиёбонҳои пойтахт гуфтааст.

Тавре аз дафтари матбуоти шаҳдории Душанбе иттилоъ доданд, Убайдуллоев изҳор дошта, зимни сохтмонҳо аз техникаҳои вазнашон аз меъёри муқаррарӣ зиёд истифода мешавад, ки сабаби харобшавии роҳҳо дар бархе аз маҳаллаҳо мегардад. Бо зикри ин ҳолат раиси шаҳри Душанбе қарор кардааст, минбаъд дар доираи татбиқи нақшаи генералӣ ба шахсону ширкатҳое иҷозаи сохтмон дода мешавад, ки дар барқарору нигаҳдории минтақаи роҳи истифодашавандаашон сармоягузорӣ мекунанд.

Ӯ таъкид намудааст, тамоми кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе то давраи соҳибистиқлолӣ аз рӯи вазн дар меҳвар 6-10 тонна сохта шудааст, ки ин нишондод аз меъёрҳои байналмиллалӣ кам аст: “Барои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ намудани лоиҳаҳои омодашаванда, яъне то ба 11 тонна вазн дар меҳвар расондан, азнавсозӣ ва хобонидани қабатҳои иловагии роҳро талаб менамояд, ки барои амалӣ намудани он ба ҳар 1 километр роҳ 138 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ зарур мебошад.”

Ин қарори Убайдуллоев дар ҳолест, ки қаблан шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо нашри як гузориши интиқодӣ дар мавриди роҳҳои хароби пойтахт, суол гузошт, “ку соҳибкороне, ки дар Душанбе бинои аз 10 ошёна зиёд сохта, миллионҳо доллар фоида ба даст меоранд? Фоидаи онҳо куҷо меравад, ки ҳамагӣ чанд километр роҳро дар пойтахт таъмир намекунанд?”

ВИДЕОИ гузориши Шабакаи аввал:


Мӯҳр
т
Аз ширкатхои сохтмони доляро камтар гиранд, роххоро хам месозанд.

беном
"ку соҳибкороне, ки дар Душанбе бинои аз 10 ошёна зиёд сохта" Аҷаб саволи мантиқист! Дигароша намедонему дутояш, Охунов ва Зайд Саидова бурда маҳкам карданд ку раисотон, муҳтарам масъулони таблиғоли ҳукумат дар ТВ

Шабакаи аввали ТВТ то навори танкидиро пешкаши мардум накард дар бораи ин проблема мухтарам мири шахр ягон бор сухане нагуфта буд. Акнун бошад карор гирифтаст,ки минбаъд акнун нафароне,ки хона месозанд рохашонро хам месозан.Акнун ТВТ боз як баронома оиди он,ки аз кадом хисоб ба хонахои навбунедгардида барк,об ,канализация дидгару дигараш дода мешавад.Манзилхои истикомати зиед шуда истодасту инфраструктурааш аз замони Шурави ягон маротиба иваз нашудааст.

раис файласуфи иктисоддон шудастку

Шахри
Раис дуруст мегуяд. Дар 32 микрорайон вакте, ки дом сохтанд хоки чои падвала бароварда дар рохи одамгузар рехтанд. Мошинхои ин сохтмон он рохро дар хавои борони ба ботлок мубаддал гардониданд. Инак ду сол аст, ки рох баробари бориши борон лой мешаваду.....

Dev
Agar rohho sohta mebudandu bo sababi moshinhoi bisertonna harob megardidan, bad in guna "rohi halosi" bamavrid mebud. Holo boshad rohhoi 23 sol boz tamirnodidaro prosto avval tamir meboyad kard.Videoi barandagoni televizion holi rushani rohhoi pojtaht ast.

ИНКАДАР НАЛОГУ ПУЛИ БАРК ПУЛИ РОХХОИ ПУЛАКИ ПУЛИ ГУМРУК ПУЛИ ГАИ КАМЕРАХО ВА БОЧУ ХИРОЧХОИ ГУНОГУН ВА ПУЛИ ОБУ ПАРДОХТХОИ КОМУНАЛИ ВА ГАЙРАХОРО, КИ 23 СОЛ АСТ АЗ ХАЛК ЧАМЪ МЕКУНЕД, ОБОД КУНЕДОХИР!!!

ин пулхои чамъкардаро як нафар нею чанд нафара таксим мекунанд. ин хонабизнес аст, ки Худо медонад чанд баллро дар вакти зилзила бардошт мекунад. боз дар кучое хонахои санузелдор бошад онро вайрон мекунанду ошенабаланд месозанд.хонаро месозанду канализацияаш кухнаи шуравист. инчунин ба кабельхои свети ахолии гирду атрофи ин хонахои навсохташон зарар меорад.агар ахамият дихед хонабизнеси маркази шахр аз ду нафар асту халос, гуе дигар бизнесмен дар Точикистон набошад.

Мухтарам, мири шахр, аввало саломат бошед. Хамаи хамин Душанбе дар тахти назорати Шумо. О каме не, у вакто гузашт, акнун як назорати одилона-окилона чун яке аз шахрвандони Душанбе, ба назорат гире. О кай и мардум кор ро ба гардан мегираю, кор мекуна. Саломат бошед!

из америка
аз баъзе хабархо (хакикат дорад) агар пули 1 солаи андози наклиётро ба рох сарф кунем такрибан 1000-1300км таъмир не аз навсози карда мешавад? кучо аст ин пулхо? хаму лексусу чипотона фурушен Душанберо бо асфалти аълосифат пушонда мешавад. Хамааш ба халк маълум аст танхо ба хотири Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон хомушанд вагарна.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)