Бахшҳо

Зани қазоқ шавҳари тоҷикашро дар фарзанддуздӣ айбдор мекунад (АКС)

Наталя Платнева, шаҳрванди Қазоқистон ба мақомоти пулиси ин кишвар даъво бурдааст, ки шавҳари тоҷикаш -- Бахтиёр Исмоилов фарзанди хурдсолашон -- Амирро дуздида, ба Душанбе бурдааст.

Платнева мегӯяд, Бахтиёр Исмоилов дар муошират бо фарзандашон маҳдудияте надошт, аммо 2 феврали соли равон ӯро барои сайругашт бурда, дигар барнагардондааст. Ин зан иддао дорад, бо вуҷуди муроҷиат мақомоти пулис ба ин қазия машғул нестанд ва шавҳараш дар ҳоле фарзандашонро аз кишвар берун бурдааст, ки шаҳодатномаи таваллуд дар дасти ӯст. Мақомоти қазоқ муайян кардаанд, ки Бахтиёр Исмоилов ҳанӯз моҳи октябри соли 2014 дар мавриди гум шудани шаҳодатномаи таваллуди фарзандаш муроҷиат карда, нусхаи дигар дарёфт кардааст.

Наталя Платнева мегӯяд, Бахтиёр Исмоилов барои суҳбат бо Амир монеа эҷод намекунад, вале ӯро бозпас оварданӣ нест.

Дар ҳамин ҳол Тоир Нозхонов, ҳуқуқшиноси маъруфи қазоқ дар шарҳи ин қазия гуфтааст, тибқи қонунгузорӣ дар ин ҷо ҷинояте нест, чун падару модар барои тарбияи фарзанд ҳуқуқи яксон доранд. Ҳуқуқшиноси қазоқ мегӯянд, Наталя танҳо дар сурати бурдани даъво ба додгоҳи Тоҷикистон бо қарори додрас метавонад мушкили худро ҳал кунад, зеро тибқи қонунгузории Қазоқистон яке аз волидон метавонад бо фарзандаш, бе иҷозати волиди дуюм сафар намояд.


Зани қазоқ шавҳари тоҷикашро дар фарзанддуздӣ айбдор мекунад (АКС)

Зани қазоқ шавҳари тоҷикашро дар фарзанддуздӣ айбдор мекунад (АКС)
Мӯҳр
.
Фарзандатро агар дар тарбияи зани рус гузошти, гайримусулмон хохад шуд. Хуб карди ки дуздиди.

ЭЭЭ марди содда худата хайф карди кати хамин зани бенамуд...О занхои точики худамона чикор карда будан ки...ана бад результати беаклиятон...

бахтиер фарзандатро ба модараш бозпас дех, вакте ки калонтар шуд баъд уро бо розигии модараш бигири мещавад, зани точикиат хеч гох ба писари зани дигар модари карда наметавонад чунки точики аст

занатро напарто агар марди баръакс зану фарзандатро саробон бишав, агар боакли.

Писарро пас бидех ба модараш. Рушди иктисодии Казокистон бо Русия дар як поя карор дорад. Теъдоди "гастербайтер" -хои ояндаро зиёд накун!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)