Бахшҳо
10 фев 2015 10:38Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бахши нави сомонаи "Бе миёнаравҳо"-и Убайдуллоев фаъол шуд

Шаҳрдории Душанбе ба хотири саривақт баррасӣ ва ҳаллу фасл кардани шикояту мушкилоти сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон дар сомонаи “Бе миёнаравҳо”-и худ бахши наверо илова кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар торнамои www.bemiyonaravho.tj бахши наве бо номи “Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” фаъол гардидааст. Манбаъ мегӯяд, сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд арзу шикоят ва муроҷиатҳои хешро дар ҳолатҳое, ки ҳуқуқҳояшон ҳангоми хариду дастрасии мол, кору хизматрасонии муносиб ва босифат поймол мешаваду боиси зарар ва зиёни онҳо мегардад, ба шаҳрдорӣ дар ин бахши сомона иттилоъ дода, посухи дахлдор бигиранд.

Шаҳрдории Душанбе дар шарҳи ин иттилоияи худ аз сокинон афзудааст, аз маълумоти пешниҳодкардаи сокинон ва ташаббускорони аҳли ҷамоатчигии пойтахт барои пешгирӣ аз фурӯш ва дар муомила қарор доштани молу маҳсулот ва кору хизматрасоние, ки боиси зарар дидани истеъмолкунандагон мешавад, истиқбол намуда, пешопеш аз ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум миннатдори худро баён мекунад.

Сомонаи “Бе миёнаравҳо” марбут ба шаҳрдории Душанбе аст, ки бо дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади ҳалли фаврии мушкилоти сокинони пойтахт таҳия гардида, давоми 2 соли охир фаъолият дорад.
Мӯҳр
Ба Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии ЧТ, Раиси шахри Душанбе
мухтарам Убайдуллоев М.У.
Тахти рохбарии хирадмандонаи Шумо симои пойтахти Точикон руз аз руз ободу зебо мегардад. Шумо чун марди бофазилату кордону ободкор фахри давлату миллати мо хастед.
Мухтарам Раис! Дар мавзей теппахои шарки ё худ восточные холмы зиндагони мекунам. Мардуми мавзеъ аз беоби ва берохи танкиси мекашанд ва хама дар як фикр хастанд, ки мухтарам Раиси шахр аз ин мушкилоти мо хабар надоранд, вагарна ин мушкилот халли худро меёфт. Аз Шумо хохиш менамоем, ки дар халли ин мушкилот дасти кумак ба мо дароз кунед. Аз дастгириатон сипосгузорем. Сокинони мавзеи теппахои шаркии шахри Душанбе, нохияи Шохмансур....

Мухтарам Раиси шахри Душанбе.
илтимос, хамин мушкили шахрвандонро ро як ба тахти назорат гире. Масалаи маршруткаву автобусе ки дар шахр кор мекунанд. На ба кор ва на аз кор омадан, чун як шахрванд бисьер мушкил шуда истодааст. Ягон тартиби асри 21 нест. Дигар камбудихо охиста охиста мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)