Баҳси ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон дар Душанбе
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Фан Сянжун, сафири Чин дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, вохӯрии Зоҳидӣ бо Сянжун 9 феврал дар Душанбе баргузор шудааст. Ҷонибҳо дар ин мулоқот “самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чинро дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, ки ба рушди зерсохторҳои нақлиётию коммуникатсионӣ ва энергетикии кишвар ва минтақа равона шудаанд”, баррасӣ карданд.
Инчунин дар робита ба масоили мубрами ҳамкориҳо табодули назар сурат гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |