Аммо Ҷабраил дар посух гуфтан ба теъдоди дақиқи зархаридони хориҷӣ, ки ба ҷонибдории Қаззофӣ меҷанганд, душворӣ кашидааст. Гуфтанист, қаблан чандин маврид расонаҳо аз ширкати зархаридони Украина ва Белорус ба ҷонибдории раҳбари Либия навишта буданд, аммо аз русҳо ном бурда намешуд. Дар ҳамин ҳол намояндагони Муаммар Қаззофӣ низ шӯрои миллии гузорро бо он муттаҳам мекунад, ки дар амалиётҳои ҷангӣ аз нерӯи ҳарбии хориҷиён истифода мебарад. Чанде пештар нерӯҳои содиқ ба Қаззофӣ 17 зархаридеро дастгир намуданд, ки дар амалиёти шаҳри Бани Валид ба нерӯҳои шӯрои милии гузор кӯмак кардаанд. Гуфта мешавад, бештари онҳо шаҳрвандони Фаронсаанд. Ҳамчунин аз ду бритониёӣ, як нафар аз Қатар ва намояндаи яке аз кишварҳои осиёӣ низ ном бурда шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |